Ҳазрати Зайнаби Кубро(рз) панҷуми Ҷимодии аввали соли панҷум ё шашуми ҳиҷрӣ-қамарӣ (имсол мутобиқ бо 12/1/2019) дар шаҳри Мадинаи Мунаввара ба дунё омад.
Модари бузургвораш ҳазрати Фотимаи Заҳро ва падари гиромияш ҳазрати имом Алии Муртазо (к) аст.
Ин бону лақаб ва куняҳои зиёде мисли «Ақила», «Ақилаи Бани Ҳошим» «Сиддиқаи суғро» «Орифа» «Олима» «Фозила» «Комила» ва «Обидаи Оли Алӣ» дорад.
Панҷ-шаш сола буд, ки бобояш ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва каме баъд аз он модари баргузидааш ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) аз дунё рафтанд. Аз даст додани беҳтарин халқи Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) мусибати сангин ва ҷуброннопазире буд ва оғози мусибатҳои сангину доманадор ва домангири хонадони Расули Худо(с) шуд.
Ӯ бо Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр писари амаки худ издивоҷ кард. Самараи ин пайванди фархунда аз ду хонаводаи муҷоҳид дар роҳи Худо ду писар ба номҳои Авн ва Муҳаммад шуд, ки ҳар ду дар Карбало ҳамроҳи имом Ҳусейн(рз) шаҳид шуданд.
Ҳудуди 35 соли умри хешро дар канор ва ҳамроҳи падари бузургвори худ ҳазрати Алӣ(к) дар шаҳри Мадина ва Кӯфа гузаронд.
Даҳ сол дар давраи имомати бародари бузургаш сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ҳазрати имом Ҳасан(рз) зиндагӣ кард то бародараш дар соли 50 ҳиҷрӣ-қамарӣ бо заҳри кин ба шаҳодат расид.
Баъд аз шаҳодати имом Ҳасан (рз) 10 соли дигар бо бародари дигараш сарвари ҷавонони аҳли биҳишт имом Ҳусайн (рз) ба сар бурд. Ҳузури даҳсолаи ҳазрати Зайнаб дар саҳнаи зиндагии бародараш имом Ҳусайн (рз) пурҳодисатарин ва ранҷовартарин даврони зиндагии эшон аст.
Ҳазрати Зайнаб дар тӯли зиндагӣ бо мусибатҳои зиёде рӯбарӯ шуд, аммо ҳузури эшон дар Карбало ва дидани он саҳнаҳои дилхарош ва аз даст додани бародарон, фарзандон ва фарзандони бародар ва ёрони бовафои имом ва бародараш аз ҳамаи мусибатҳо дардовартар ва ногувортар буд, чунки дар як рӯз ҳамаи азизонаш хусусан бародараш имом Ҳусайн(рз)-ро пеши чашмаш сар буриданд ва тикка-такка ва сарҳоро болои найза ва беэҳтиромӣ карданд. Ҳангоми мусибати ҷонгудози Карбало дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61 ҳ.қ. ҳазрати Зайнаб 55-сола буд.
Вазифаи аслии ӯ баъд аз шаҳодати имом Ҳусейн(рз) ва аҳли байту ёрони бовафои эшон оғоз мешуд. Ӯ бояд паёми хунини пирӯзии ҳақ бар ботил ва равсо кардани мунофиқони ҷинояткорро бар дӯш мекашид ва барои наслҳои баъд боқӣ мегузошт ва рӯҳи умматро бедор мекард. Ӯ бояд корвони асирони Карбалоро идора мекард ва аз имом Саҷҷод(рз) пуштибонӣ менамуд. Ӯ бояд сари сардори Карбалоро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ бояд бо хутбаҳои ғаррои худ ҳақро ошкор ва ботилро хор мекард. Ӯ бояд пирӯзии зоҳирии язидиёнро талх менамуд. Ӯ дар Арбаин (чиҳил рӯз пас аз ҳодисаи Карбало) зоири имому бародарон ва фарзандону бастагони шаҳидаш мешуд. Ӯ бояд паёми мазлумияти шаҳидони Карбалоро ба Мадина ва марқади Расули Акрам(с) мерасонд. Ҳамаи инҳоро бо тавфиқи Худо комил анҷом дод.
Саранҷом ин бонуи шуҷоъу ғамдида дар шаби чордаҳуми моҳи Раҷаби соли 62 аз дунё чашм пӯшид. Саломуллоҳи ало Зайнаб.