Рӯзе ҳазрати Исо(а) бо иддае аз пайравонаш аз бозорчае мегузашт. Ногаҳон гурӯҳеро дид, ки ба гирди саги мурдае ҷамъ шудаанд ва дар бораи он гуфтугӯ мекунанд.
Яке мегуфт: “Бӯи бади он инсонро хафа мекунад!”
Дигаре мегуфт: “Чи қадар олуда аст!”
Севумӣ мегуфт: “Чи қадар зишт аст!”
Вақте ки навбати ҳазрати Исо(а) расид, гуфт: “Ҳамаи шумо айби ӯро гуфтед ва ман акнун ҳусни онро мегӯям: Воқеан чӣ дандонҳои сафеду зебое дорад!"
Ҳама аз ин сухан тааҷҷуб карданд.
Ҳазрати Масеҳ(а) фармуд: “Кӯшиш кунед, ки ҳамеша аз миёни зиштиҳо ва зебоиҳо, зебоиҳоро нишон диҳед.”