Баъд аз се сол муҳосираи иқтисодии Қурайш тамом шуд. (8-10 ҳ.қ.)
Ҳазрати Хадиҷа(рз) чанд рӯз пас аз поёни даврони сахту пурмашаққати муҳосираи иқтисодии золимонаи мушрикони Қурайш дар дарраи Абӯтолиб ба беморӣ ва ранҷуриҳои ҷисмӣ мубтало шуд. Ҳар рӯз, ки мегузашт ҳоли он бонуи бузург бадтар ва ҷисмаш бештар об мешуд ва эҳсос мекард, ки рӯзҳои поёнии умрашро мегузаронад ва ба зудӣ аз дунё меравад.
Дар яке аз ҳамин рӯзҳо, ки Расули Худо(с) бар болинаш нишаста буд рӯ ба ҳазрат карду гуфт: Эй Расули Худо, чанд васият дорам. Аввал ин ки агар ман дар ҳаққи ту кутоҳӣ кардам маро бибахш!
Расули Худо(с) фармуд: Ҳаргиз аз ту кутоҳӣ ва кмбудӣ надидам ва ту тамоми талоши худро ба кор бурдӣю дар хонаам бисёр хаста шудӣ ва молатро дар роҳи Худо сарф кардӣ.
- Эй Расули Худо, аз ту мехоҳам, ки аз духтарам Фотима хуб нигаҳдорӣ кунӣ, чун ӯ баъд аз ман ятиму ғариб мешавад. Мабодо касе аз занони Қурайш ба ӯ озор расонад. Мабодо касе ба чеҳрааш силӣ бизанад. Мабодо касе бар сари ӯ фарёд кашад. Мабодо касе бо ӯ бархурди номулоим ва норавое дошта бошад.
- Эй Расули Худо, севумиро хиҷолат мекашам, ки бигӯям. Ба духтарам Фотима мегӯяд бо ӯ бароят бигӯяд.
Сипас Фотимаро даъват кард ва ба ӯ гуфт: Эй нури чашмам, ба падарат бигӯ, ки модарам мегӯяд: Ман аз қабр метарсам. Аз ту мехоҳам, ки маро дар ҷомае дафн кунӣ, ки ҳангоми нозил шудани ваҳй ба тан доштӣ.
Он гоҳ Фотимаи Заҳро аз ҳуҷра берун омад ва васияти модарашро ба падараш Расули Худо баён кард.
Расули Худо(с) он ҷомаро барои ҳазрати Хадиҷа(рз) фиристод ва ӯ бисёр хушҳол шуд.
Дуруду саломи Худои меҳрубон нисори Расули Худо ва ҳазрати Хадиҷаи Кубро ва ҳазрати Фотимаи Заҳро бод!
Ҳазрати Хадиҷа бартарин ҳамсари Паёмбар(с), навиштаи Абдуллоҳи Алӣ Бахшӣ, саҳ. 121-122