Пирамарди хоркан вақте хор ҷамъ мекард ногаҳон кӯзаи пур аз зар дид. Бо худаш гуфт: Ин кӯза бояд аз ҳоким бошад. Пас беҳтар аст кӯзаро ба ҳоким диҳам то подоши хубе бигирам. Ба хона баргашт ва моҷароро ба ҳамсараш гуфт. Ҳамсараш дид, ки шавҳараш хеле одами содадил аст, аз ин рӯ шабона зарҳоро гирифт ва кӯзаро бо кулух пур карду даҳонашро пӯшонд.
Субҳ вақте хоркан ба қаср ва назди ҳоким даромад фаҳмид, ки ба ҷои зар кулух дорад, аммо дигар фурсати баргашт надошт ва бояд чорае меандешид. Ӯ ба ҳоким гуфт: Ман гове дорам, ки ширашро бо ин кулухҳо вазн мекунам. Барои ин ки камфурушӣ накунам ва ба дигарон зарар нарасонам омадаам кулухҳоро бо тарозуи дарбор биёзмоям ва хаёлам аз дуруст будани он осуда шавад.
Ҳоким аз дурусткории хоркан хушҳол шуд ва ба ӯ як мушт зар ҳадя дод.