Замоне ки Расули Худо(с) аз ҷанги Табук бармегашт Саъди Ансорӣ ба истиқболи ҳазрат омад ва ба ҳазрат даст дод.
Паёмбари Акрам(с) фармуд: Чӣ чиз сабаб шудааст, ки дастат сахт шавад.
Гуфт: Эй Расули Худо(с), ман барои таъмини харҷи зиндагии оилаам бо белу куланг кор мекунам.
Расули Худо(с) бар дасти ӯ буса зад ва фармуд: Ин дасте аст, ки оташи дӯзах онро намесӯзонад.
Ниҳоя, ҷ.4, саҳ.203