Дар нуҳуми моҳи Шаввол (15 сол пеш аз паёмбарии ҳазрати Муҳаммад ва 28 сол пеш аз ҳиҷрати Расули Худо(с) ба Мадина) Абӯтолиб амӯи меҳрубони ҳазрати Муҳаммад (с) либосҳои идонаи худро пӯшид ва пешопеши Бани Ҳошим ба сӯи хонаи Амр ибни Асад амӯи Хадиҷа, ки қарор буд маросими никоҳ ва издивоҷи ҳазрати Муҳаммад бо Хадиҷа дар он ҷо баргузор шавад ба роҳ афтод. (Сираи Ҳалабӣ, ҷ.1, саҳ.213)
Баъд аз пазироӣ аввал Абӯтолиб хутбае дар ягонагии Худои Субҳон ва азамати Макка ва ҳазрати Муҳаммад (с) хонд.
Матни хутбаро чунин нақл кардаанд, ки Абӯтолиб гуфт: Сипос Худоеро, ки моро аз кишт ва маҳсули Иброҳим ва насли Исмоил гардонд ва барои мо хонаи муқаддасе бино кард, ки мақсуди ҳоҷиён ва ҳарами амн аст ва меваи ҳар чизе ба сӯи он гирд ояд ва моро дар шаҳре, ки ҳастем ҳоким бар мардум қарор дод.
الحمد لله الذی جعلنا من زرع ابراهیم و ذریة اسماعیل و جعل لنا بیتا محجوجا و حرما آمنا یجبی الیه ثمرات کل شیء و جعلنا الحکام علی الناس فی بلدنا الذی نحن فیه
Бародарзодаам Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб марде аст, ки бо ҳеҷ як аз мардони Қурайш ҳамвазн нашавад магар ин ки аз ӯ бартар аст ва бо ҳеҷ як аз онҳо муқоиса нашавад, ҷуз ин ки бар ӯ афзун аст ва ӯ агарчӣ моли андак дорад, вале мол ҳамеша дар ҳоли дигаргунӣ ва бесуботӣ ва ҳамчун сояе рафтанӣ аст. Ӯ ба Хадиҷа рағбат ва Хадиҷа низ ба ӯ майл дорад ва маҳрияи ӯро ҳар чӣ нақдӣ ва ғайри нақдӣ бихоҳед омода аст ва Муҳаммад соҳиби мақоми бузург ва шаъне воло ва шӯҳрати азиме хоҳад буд.
ثم ان ابن اخی محمد بن عبدالله بن عبدالمطلب لا یوزن برجل من قریش الا رجح و لا یقاس باحد منهم الا اعظم منه و ان کان فی المال قل فان المال رزق حایل و ظل زایل و له فی الخدیجة رغبة و لها فیه رغبة و الصداق ما سألتم عاجله و آجله و له خطر عظیم وشأن رفیع و لسان شافع جسیم
)Алфақеҳ, ҷ.3, саҳ.397)
Пас аз хондани хутба дар бораи маҳрия сӯҳбат шуд.
Амр ибни Асад амӯи ҳазрати Хадиҷа хост дар бораи маҳрия чизе бигӯяд, ки ба лукнати забон дучор шуд ва натавонист сухан бигӯяд.
Абӯтолиб, ки назари амӯи ҳазрати Хадиҷаро фаҳмида буд рӯ ба ӯ карду гуфт: Хадиҷа ва Муҳаммад ба якдигар алоқаманд ҳастанд. Мо омадаем, ки ҳалқаи васл ва пайванди онҳо бошем ва Хадиҷаро барои Муҳаммад хостгорӣ намоем.
Баъд аз он Хадиҷа ба амӯяш гуфт: Амӯҷон, мумкин аст дар масоили дигар ихтиёри маро дошта бошед, вале ин ҷо ихтиёр бо худи ман аст. Сипас гуфт: Эй Муҳаммад, ман худамро ба ҳамсарии шумо даровардам ва маҳрияро худам аз молам медиҳам.
Абӯтолиб ба ҳозирон гуфт: Гувоҳ бошед, ки Хадиҷа Муҳаммадро ба ҳамсарии худ пазируфта ва маҳрияро низ худаш ба ӯҳда гирифт!
Абӯҷаҳл аз ҷо бархосту бо хашму кина рӯ ба ҳозирон карду гуфт: Ҷои тааҷҷуб аст, ки занон маҳрияи мардонро бар ӯҳда бигиранд!
Абӯтолиб хеле хашмгин шуд ва рӯи по истоду гуфт: Бале, агар марде мисли бародарзодаи ман бошад занон бо гаронбаҳотарин маҳрия худ ӯро мехоҳанд ва агар мисли шумо бошанд ҷуз бо маҳрияи гаронбаҳо ҳозир ба издивоҷ бо ӯ намешаванд!
Пас аз таъини маҳрия маросими никоҳ анҷом шуд ва Хадиҷа ҳамсари ҳазрати Муҳаммад гардид.
Маросими никоҳ ба поён расид. Меҳмонон бархостанд ва ба хонаи худ рафтанд. Ҳазрати Муҳаммад низ бархост то бо амӯяш Абӯтолиб ба хона биравад. Хадиҷа ки медонист ҳамсараш хонае надорад ба ҳазрат гуфт: Ба сӯи хонаи худ биё, ки хона хонаи туст ва ман канизи ту ҳастам.
Сипас рӯ ба ҳазрати Муҳаммад намуду гуфт: Эй Муҳаммад, ба амӯят Абӯтолиб бигӯ, ки даҳ шутури ҷавон қурбонӣ кунад ва мардумро ба хона даъват ва таом диҳад ва баъд аз он биё дар канори хонадонат истироҳат кун!
Ҷаноби Абӯтолиб даҳ шутур қурбонӣ кард ва мардуми Маккаро таом дод ва бо ин меҳмонӣ маросими никоҳ ва издивоҷи ҳазрати Муҳаммад бо Хадиҷа поён ёфт.