Кушанда ва бурандаи сари имом Ҳусейн (а)-ро мешиносед?
Марде, ки шонздаҳ бор пои пиёда ба «ҳаҷ» рафт, аммо имом Ҳусайн(а)-ро сар бурид?
Яке аз афроди муқобили имом Ҳусейн(а), Шимр ибни Зилҷавшан аст.
Ӯ аз фармондеҳон сипоҳи имом Алӣ дар ҷанги «Сиффин» ва ҷонбози Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб буд! (Сиффин минтақае аст, ки лашкари имом Алӣ ибни Абитолиб (к) бо Муовия ибни Абисуфён ҷангиданд.)
Касе, ки дар майдони ҷанг то шаҳодат пеш рафт.
Ин чунин касе ҳоло дар Карбало Шимр мешавад.
Бо омаданаш ба Карбало ҳама чиз тағйир меёбад.
Шимр одами кӯчаке нест!
Агар ниёишҳои Шимрро барои шумо бихонанд ва бигӯянд гиря мекардед!
Ҳеҷ гоҳ гуфта намешавад, ки вақте Шимр дасташро ба ҳалқаи хонаи Худо мезад чигуна бо Худо замзама мекард!
Шонздаҳ бор бо пои пиёда ба сафари ҳаҷ рафтааст.
Фикр накунед, ки Шимр аҳли намоз ва рӯза набуда ва ё арақ мехӯрда ва наъра мекашид.
Шимр ва бисёре, ки муқобили имом Ҳусейн(а) истодаанд, пешониашон аз саҷдаи зиёд пина баста буд!
Баъзе аз онҳо аҳл таҳаҷҷуд ва намози шаб буданд.
Дар Карбало ҳар рӯз бист ҳазор нафар дар Фурот ғусл мекарданд.
Ғусл «қурбатан ило Аллоҳ», ки имом Ҳусейнро бикушанд ва мегуфтанд: Ғусл мекунем то савобаш бештар бошад! !
Дар зӯҳри «Ошуро» вақте дар сипоҳи имом Ҳусейн (а) барои намоз, азон мегуфтанд фикр накунед, ки дар он тараф касе намоз намехонд.
Онҳо ҳам намоз мехонданд!
Бархе аз ин афрод ба имом Ҳусейн (а) гуфтанд: Намози шумо қабул нест!
Ҳабиб ибни Мазоҳир (рҳ) ба онҳо мегӯяд: «Оё намози шумо қабул аст?!»
Даргирӣ мешавад.
Ҳабиб ибни Мазоҳир (рҳ) ба шаҳодат мерасад.
Ҳабиб ибни Мазоҳир (рҳ) пеш аз намози пешин шаҳид шуданд.
Мо дар «Карбало» бояд Шимрро бишиносем.
Шимре, ки шонздаҳ бор ба Макка рафт ва ҷонбози лашкари Амирулмӯъмнин Алӣ ибни Абитолиб (к) буд, касе, ки дар канори мавло захмӣ шуда буд, чӣ шуд, ки фармондеҳи ҷанги ҳазрати Алӣ (а) ба ин ҷо расид?!!!
Мо куҷо ҳастем?