Насиҳати имом Ҳусейн (а)
Ҷавоне хидмати имом Ҳусейн (а) расид ва гуфт: «Ман фарди гуноҳкорам ва наметавонам худро аз анҷоми гуноҳон боздорам, маро насиҳат кун!»
Имом Ҳусейн (а) фармуд: Панҷ корро бикун он гоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ, гуноҳ кун: 1) аз ризқу рӯзи Худо нахӯр он гоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ гуноҳ кун; 2) аз ҳукумати Худо берун рав он гоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ гуноҳ кун; 3) ҷоеро интихоб кун, ки Худованд туро набинад он гоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ гуноҳ кун, 4) вақте Азроил (фариштаи қабзи рӯҳ) барои гирифтани ҷони ту омад, ӯро аз худ бирон он гоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ гуноҳ кун ва 5) вақте молики дӯзах, туро ба сӯи оташ мебарад, дар оташ надаро он гоҳ ҳарчӣ мехоҳӣ гуноҳ кун!
Ҷавон фикр карду шарманда шуд ва дар баробари воқеиятҳои баёншуда, чорае ҷуз тавба наёфт.
- بازدید: 1477