Сафия ба хонаи ҳазрати Хадиҷа рафт. Вақте Хадиҷа шунид, ки Сафия ба диданаш омадааст, аз ӯ ба гармӣ истиқбол кард ва ӯро ба дохили ҳуҷраи махсуси худ бурд. Сипас ба канизонаш фармуд, ки барои пазироӣ аз Сафия хӯрданӣ ва нӯшиданиҳои лазиз биёранд. Сафия гуфт: Ман барои таом хӯрдан наёмадам. Мехоҳам бидонам, ки он чӣ дар бораи ту шунидаам дуруст аст ё не?
Хадиҷа бе он ки бипурсад, ки чӣ шунидаӣ ё дигарон чӣ гуфтаанд ҷавоб дод: Бале, Сафия дуруст шунидаӣ. Хушбахтӣ насиби зане аст, ки ҳамсари Муҳаммад гардад, зеро Муҳаммад барои ӯ мояи зинат ва ифтихор аст. Ман азамат ва шахсияти Муҳаммадро мешиносам ва зиндагӣ бо ӯро барои худ ғанимати бузург медонам. Маҳрияро ҳам аз моли худам медиҳам.
Сафия, ки аз суханони бепарда ва ошкори Хадиҷа хушҳол шуда буд, гуфт: Эй Хадиҷа, ба Худо савганд, ки ҳақ дорӣ ин қадар Муҳаммадро дӯст дорӣ! То кунун ҳеҷ чашме нуре монанди нури маҳбуби туро надидааст ва ҳеҷ гӯше ширинтар аз сухани ӯро нашунидааст.
Сипас Сафия бо Хадиҷа худоҳофизӣ кард ва хушҳол ба хонаи Абӯтолиб баргашт. Ҷое, ки бузургони Бани Ҳошим мунтазири ҳузури ӯ буданд. Сафия пас аз ворид шудан ба хонаи Абӯтолиб алоқа ва шавқи васфнопазири Хадиҷа ба Муҳаммадро барои онҳо баён кард. Ҷуз Абӯлаҳаб, ки ҳамеша бо ҳазрати Муҳаммад ҳасодат ва душманӣ менамуд, ҳама аз хабари Сафия хушҳол шуданд.
Пас аз он буд, ки Абӯтолиб бо амӯҳои ҳазрати Муҳаммад ва дигар бузургони Бани Ҳошим қасд карданд, ки ба хостгории Хадиҷа бираванд.