چاپ

Масҷиде, ки қиблаи мусулмонон дар он тағйир кард
Масҷид Зуқиблатайн (дорои ду қибла) дар Мадинаи Мунаввара масҷиде аст, ки дар он Худованд ба Паёмбари Аъзам(с) ваҳй кард то қиблаи худро аз Байтулмуқаддас ба самти Масҷидулҳаром тағйир диҳад.
Ин масҷид дар Мадинаи Мунаввара монанди масҷиди Қабо боз аст ва зоирони ҳарам аз ин масҷид дидан карда дар он намоз мегузоранд.
Ин масҷид дар ғарби Мадинаи Мунаввара мутааллиқ ба тоифаи Бани Салама аз масоҷиди бисёр қадимӣ ва дар наздикии чоҳи маъруф ин шаҳр, Рӯма қарор дорад.
Понздаҳуми Раҷаб солрузи тағйири қиблаи мусулмонон аз Байтулмуқаддас ба хонаи Каъбаи Муаззама аст.
Бинобар нақли таърих 19 моҳ пас аз ҳиҷрати Расули Худо(с) қибла тағйир ёфт. Вақте Расули Худо(с) дар ин масҷид намози пешин барпо карда буд, ракъати дувумро, ки хонд, ваҳй омад, ки «Эй Паёмбар сурати худро ба сӯи масҷидулҳаром баргардон». (Оятҳои 142-150 сураи Бақара)
Расули Худо (с) ракъати севум ва чоруми намози пешинро ба сӯи Каъба намоз хонд, аз ин рӯба ин масҷид Зуқиблатайн (дорои ду қибла) гӯянд.
Тағйири қибла аз масоили муҳимми каломӣ ва таърихии Ислом аст. Ба иллати вуҷуди бутҳо дар Каъба мусулмонон дар ибтидо вазифа доштанд, ки ба сӯи Байтулмуқаддас намоз бигузоранд ва чун Байтулмуқаддас дар асл қиблаи яҳуд буд, яҳудиён ба ин сабаб мусулмононро сарзаниш мекарданд ва мегуфтанд, ки намоз хондани шумо ба самти Байтулмуқаддас далели барҳақ будани яҳуд аст.
Ҳазрати Муҳаммад(с), ки ба муддати 13 сол пас аз беъсат дар Макка ва чанд моҳ (байни ҳафт то ҳаждаҳ моҳ) баъд аз ҳиҷрат дар Мадина, ба сӯи Байтулмуқаддас намоз мехонд, ба дастури Худо маъмур шаванд ба сӯи Каъба намоз бигузоранд.
Ин масҷид намод ва нишони истиқлоли мусулмонон аст ҳарчанд бо тағйири қиблаи мусулмонон аз Байтулмуқаддас ба Каъба, чизе аз азамат ва эҳтироми Масҷидулақсо кам нашудааст.
Мутаассифона имрӯз қиблаи аввали мусулмонон ва маҳалли меъроҷи Расули Худо (с) дар дасти саҳюнистҳо ишғол аст ва ҳафтод сол аст, ки дар он ҷиноят мекунанд. Умедворем Худованд онро ба дасти мусулмонони муҷоҳид аз дасти ҷинояткорони нопок озод гардонад ва аз шарри саҳюнистҳо бираҳонад.
بازدید: 1378