Корвони Қурайш ба Ила ё Бусро даромад. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба самти чоҳи хушке, ки дар он наздикӣ буд рафт ва дасташро дар чоҳ даровард ва як каф об бардошт ва дастонашро шуст. Баъд миқдоре аз онро ошомид. Сипас зери дарахти хушке, ки дар он ҷо буд нишаст. Дарахт сабз шуд ва Муҳаммад дар сояи он ба ибодат машғул шуд.
Файлақ бузурги корвонро хост ва аз ӯ пурсид: Ин марде, ки зери дарахт фуруд омад, кист?
Бузурги корвон гуфт: Марде аз Қурайш ва аҳли Макка аст.
Файлақ ба ӯ гуфт: Ба Худо савганд зери ин дарахт ҷуз пайғамбар фуруд наояд ва сипас ӯро ба ҳифзи ҳазрати Муҳаммад супориш кард ва аз пайғамбарияш дар ояндаи наздик хабар дод.
Ба ҳар ҳол корвон ба шаҳри Шом даромад ва аҳолии он ҷо барои харидани моли тоҷирони корвон ҳуҷум оварданд ва пас аз чанд соат ҳамаро хариданд, аммо ҳазрати Муҳаммад ба Майсара ва дигар коргарони худ фармуд: Имрӯз ҳеҷ моле нафурӯшанд.
Рӯзи баъд, мардуми қабоили атрофи Шом, ки хабари омадани корвони Қурайшро шунида буданд, барои хариди мол омаданд. Ҳамаи моли корвони Қурайш ба ҷуз моли ҳазрати Муҳаммад(с) фурухта шуда ва боқӣ намонда буд. Ҳазрат молҳои худро рӯзи баъд бо қимати бисёр муносиб фурӯхт ва суди бештар ба даст овард ва ҳама ба Макка бозгаштанд.
Ҳазрати Муҳаммад вақте ба Макка даромад аввал ба тавофи Каъба рафт.
Хадиҷа дар он лаҳза бо чанд зани дигар дар айвони сохтмони баландаш дар Батҳо нишаста буданд ва аз дур ба Муҳаммад нигоҳ мекарданд, ки дар гирди Каъба тавоф мекард ва ду фаришта бар сараш соя андохта буданд. Хадиҷа ва он занон сояи болои сарашро медиданд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) пас аз тавофи Каъба ба хонаи Хадиҷа рафт, ки дар интизораш нишаста буд. Пас аз даромадан ҳисобу китоби сафар ба Шом ва суди ба даст овардаашро, ки ба диққат дар ёд дошт бо баёни ширину расо ба Хадиҷа гузориш дод. Маълум шуд, кидар ин сафари аҷиб суди фаровону бесобиқае насиби онҳо шудааст.
Ҳазрати Хадиҷа пас аз шунидани гузориши сафар ба ғуломони худ гуфт: Ду баробари он чӣ ба дигарон дода шуда ба Муҳаммад бипардозед.
Сипас бо ҳазрати Хадиҷа худоҳофизӣ кард ва ба хонаи Абӯтолиб рафт.