چاپ

Зиндагии ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)
Мувофиқи расми қадимӣ занони Макка дар яке аз шабҳои моҳи Раҷаб дар Каъба ҷамъ шуда яке аз донишмандони аҳли китобро барои суханронӣ даъват ва ҷашн барпо мекарданд.
Ҳазрати Хадиҷа вақте ба ин ҷашн расид, ки олими яҳудӣ суханронияшро оғоз карда буд. Дар ин ҳангом ҳазрати Муҳаммад (с) аз канори Каъба гузашт. Олими аҳли китоб вақте ҳазрати Муҳаммадро дид суханони худро қатъ кард ва ба онон гуфт: Эй занони Қурайш, ҷавоне, ки акнун аз канори Каъба гузашт дар оянда пайғамбари охируззамон мешавад. Ҳар кадоми шумо тавонистед ҳамсари ӯ шавед фурсатро аз даст надиҳед.
(Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб, ҷ.1, саҳ.41; Ибни Ҳаҷар, Исоба, ҷ.4, саҳ.274)
Бар асоси оятҳои Қуръони Карим мисли ояти 146 сураи Бақара аҳли китоб сифатҳо ва нишонаҳои ҳазрати Муҳаммадро мисли бачаҳои худашон мешинохтанд ва ояти 6 сураи Саф ҳазрати Исо(а) бо номи Аҳмад омадани ӯро башорат дода буд.
Бо шунидани ин суханон дар миёни занон ҳамҳамае афтод. Баъзе ба ин суханон хандиданд, баъзе масхара карданд ва баъзе ҳам ба ӯ носазо гуфтанд. Ба хотири ин сару садои занон ҷашн барҳам хӯрд ва занон пароканда шуданд. (Ҳаётулқулуб, ҷ.3, саҳ.219)
Ҳазрати Хадиҷа зуб ба хона баргашт ва дар гӯшае ором гирифту ба фикр фурӯ рафт.
Гоҳе хоберо, ки чанд вақт пеш дида буд ва гоҳе суханони олими яҳудиро ба ёд меовард. Эҳсос кард, ки байни хуршеде, ки дар хоб дида буд ва суханони имшаби яҳудӣ иртиботе ҳаст.
Рӯзи баъд яке аз канизонашро фиристод то олими яҳудиро ба хонааш биёрад. Вақте омад аз ӯ пурсид: Эй олим, чигуна донистӣ, ки Муҳаммад пайғамбари Худо мешавад?
Олими яҳудӣ гуфт: Сифатҳои ӯро дар Таврот хондаам. Дар Таврот омада, ки падару модари пайғамбари охируззамон дар тифлияш аз дунё мераванд. Бобо ва амӯяш ӯро нигаҳдорӣ ва бузург мекунанд. Ӯ бо зани қурайшие издивоҷ мекунад, ки бузурги қавми худаш аст ва дар миёни хешу табораш соҳиби мақом ва кордон аст.
Он олим ба ҳазрати Хадиҷа гуфт: Эй Хадиҷа, ин суханро аз ман нигаҳ дор ва онро фаромӯш накун.
Сипас яҳудӣ дар бораи бузургӣ ва мақоми ҳазрати Муҳаммад шеър хонду ҳангоми рафтан ба ҳазрати Хадиҷа гуфт: Саъй кун Муҳаммадро аз даст надиҳӣ. Издивоҷ бо ӯ саодати дунё ва охиратро дар пай дорад. (Ҳаётулқулуб, ҷ.3, саҳ.227; Исоба, ҷ.8, саҳ.274)
بازدید: 1258