Зиндагиномаи имом Ҳусайн(а)
Муқаддима
Имом Ҳусайн(а) аз барҷастатарин афроде аст, ки инсоният дар ҳамаи мароҳили таърихияш ононро ҷовидон сохта аст.
Имом Ҳусайн(а), сарвари озодагон, аз дурахшонтарин раҳбарони муслиҳе аст, ки дар саҳнаи зиндагӣ, эъҷозро муҳақақ сохта ва корвони инсониятро ба сӯи аҳдоф ва орзуҳояшон ба ҳаракат даровард ва онро барои эҷоди ҷомеаи мутавозин, пеш ронданд.
Имом Ҳусайн(а), беш аз ҳар муслиҳи дигар ҷиҳод ва фидокорӣ намуд.
Вилодати Имом Ҳусайн(а)
Вай писари Алӣ ибни Абитолиб(а), пешвои ҳақ ва адолат дар замин, бародари Паёмбар(с)[2] ва дарвозаи илми он Ҳазрат аст[3].
Модараш сайидаи занони олам – Фотимаи Заҳро, духтари гиромии Паёмбари Акрам(с) аст, ки Паёмбар(с) дар мавридаш фармуд: Фотима сарвари занони ҷаҳониён[4] ва пораи вуҷуди ман аст, ҳар кас ӯро биозорад манро озор додааст [5].
Сарвари занони ҷаҳониён, навзоди бузургворашро дар 5–уми шаъбони[6] соли 4–уми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара ба дунё овард, ки ҳеҷ бонуе аз духтарони Ҳаво, на дар асри нубувват ва на баъд аз он монанди ӯро назода буд, ки баракати азимтар ва сӯди бештар аз ӯ барои инсоният ва ҷаҳон дошта бошад.
Чун Ҳусайн(а) ба дунё омад, Паёмбар(с) худаш маросими шаръии таваллуди муборакашро ба ҷо овард ва ин корҳоро анҷом дод.
А: Азон ва иқомат
Паёмбар(с) Имом Ҳусайн(а)-ро дар оғуш гирифт ва дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапи ӯ иқома гуфт.[7]
Б: Номгузорӣ
Паёмбар(с) номи ӯро Ҳусайн гузошт ва фармуд: Ҳорун фарзандонашро Шабар ва Шубайр номид ва ман фарзандонам Ҳасан ва Ҳусайнро ба ҳамон маъное, ки ӯ фарзандонашро номид, номидам.[8]
В: Ақиқа ва тарошидани мӯи сар
Ва дар рӯзи ҳафтуми вилодати он Ҳазрат, Паёмбар(с) дастур дод, то гӯсфандеро ақиқа бикунанд ва гӯшташро байни фақирон тақсим намоянд ва ҳамчунин дастур дод, то мӯи сари фарзанди навзодашро битарошанд ва ҳамвазни мӯи сар, нуқра ба фақирон садақа диҳанд. [9]
Куния ва лақабҳо
Кунияи он бузургвор Абӯабдуллоҳ ва лақабҳои ӯ, Сибти Расулуллоҳ, Сайиди шабоби аҳли ҷаннат, Райҳонаи Расулуллоҳ мебошад,[10] ки инҳо баргирифта аз аҳодиси Паёмабри Худо(с) аст.
Паёмбари Худо(с) ва Имом Ҳусайн(а)
Рӯзе Паёмбари Ислом(с) писари хӯрдсоли худ Иброҳимро рӯи зонуи чапаш ва Ҳусайн(а)–ро рӯи зонуи росташ нишонда буд. Гоҳе Ҳасейн(а)–ро мебӯсид ва гоҳе Иброҳимро мебӯсид. Дар ин ҳангом Ҷабраил(а) бо ваҳйе, ки аз ҷониби Парвардигори оламиён дар ихтиёр дошт, бар он ҳазрат фуруд омад. Пас аз ин ки пайғоми илоҳиро ба иттилои Расули Акрам(с) расонид, Расули Акрам(с) фармуд: Инак Ҷабраил(а) аз сӯи Парвардигорам нозил шуд ва пайғом дод: Эй Муҳаммад! Парвардигорат ба ту салом мерасонад ва мефармояд, ки ман ин ду фарзандро барои ту нигоҳ намедорам. Бояд яке аз ин дуро фидои дигаре кунӣ. Пас аз шунидани пайғом нигоҳе ба Иброҳим намуду гирист ва нигоҳе ба Ҳусайн намуду ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд. Сипас фармуд: Агар Иброҳим фидои Ҳусайн шавад, ҷуз ман касе дигар бар ӯ сугвор намешавад ва аз сӯи дигар модари Ҳусайн Фотима аст ва падараш Алӣ(а), ки гӯшту хуни ман аст ва агар Ҳусайн фидои Иброҳим шавад духтараму писарамакам ва худи ман бар марги ӯ сугвор хоҳем шуд. Барои ҳамин, андӯҳгин будани худамро ба андӯҳнок шудани онҳо тарҷеҳ медиҳам. Ин буд, ки тақозо кардам то Иброҳим фидои Ҳусайн бошад. Тақозои ман пазируфта шуд ва Иброҳим пас аз се рӯз беморӣ даргузашт. Ҳар вақт Пайғамбари Акрам(с) мушоҳида мекард, ки Ҳусайн(а) ба сӯяш медавад, ӯро мебӯсид ва ба сина мечаспонид ва даҳонашро мебӯсид ва мефармуд: Фидои касе шавам, ки фарзандам Иброҳимро ба хотираш фидо кардам[11].
Дар яке аз рӯзҳо Пайғамбари Акрам(с) бо ҳамроҳи асҳобаш ба манзиле даъват шуданд, дар роҳ ба кӯчае расиданд, ки Ҳусайн(а) дар онҷо бо кӯдакон бозӣ мекард. Расули Худо(с) аз миёни асҳоб берун омад, дасташро кӯшод, ки он Ҳазратро бигирад. Ҳусайн(а) аз ин тараф ба он тараф мегурехт ва Пайғабар(с) ҳам хандакунон ӯро дунбол мекард, то ин ки Ҳусайн(а)-ро гирифт, онгоҳ дасташро зери чона ва дасти дигарашро пушти гардани ӯ гузошт ва лаб бар лабаш гузошт ва ӯро бӯсид ва фармуд:
حُسینٌ مِنِّی وَ انا مِن حُسین. اَحَبَّ اللهُ مَن اَحَبَّ حُسَیناً. حُسین سِبطٌ مِنَ الاَسباط
«Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, касе ки Ҳусайнро дӯст бидорад Худо ҳам ӯро дӯст медорад. Ҳусайн сибте аз асбот аст».[12]
Муҳаббати Паёмбар(с) нисбат ба Имом Ҳусайн(а)
Паёмбари Акрам(с) нисбат ба Имом Ҳусайн(а) бо муҳаббати фаровон рафтор мекард ва ҷойгоҳи боло ва мизони алоқаи зиёди худ ба ӯро ба мардум нишон медод ва мефармуд: اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُ فَاَحِبُّهُ
«Худоё ман ӯро дӯст дорам, пас ӯро дӯст бидор».[13]
Ва низ дар бораи ӯ ва бародараш Имом Ҳасан(а) мефармояд:
انَّ الحَسَنَ وَ الحُسَین هُما رَیحانتای مِنَ الدُنیا
»Ҳасан ва Ҳусайн ду райҳонаи ман аз дунё ҳастанд«.[14]
Усома ибни Зайд ривоят кардааст, ки шабе барои ҳоҷате ба манзили Расули Худо(с) рафта будем, Расули Худо(с) бо ҷомаи арабии худ чизеро печонида буд. Надонистем чӣ аст. Аз ӯ савол кардем, Ҳазрат аборо боз кард, дидем Ҳасан(а) ва Ҳусайн(а) аст. Баъд Расули Худо(с) фармуд:
هَذانِ ِابنایَ وَ اِبنَا اِبنَتِی اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُما فَاَحِبُّهُما وَ احِبَّ من یُحِبُّهُما
«Ин ду писарони ман ҳастанд ва писарони духтарам. Худоё ман онҳоро дӯст дорам, пас дӯст бидор онҳоро ва дӯст бидор ҳар касе, ки онҳоро дӯст медорад».[15]
Ҳаргоҳ Пайғамбари Акрам(с) ба хонаи духтараш мерафт, ба духтараш Фотимаи Заҳро мефармуд: اُدعِ لِی اِبنَیَّ فَیَشُمُّهُما وَ یَضُمُّهُما اِلیهِ
«Писарҳоямро садо бизан, (то пеши ман биёянд) пас онҳоро мебӯид ва ба худ мечаспонид».[16]
Пайғамбари Акрам(с) то онҷо Имом Ҳусайн(а)-ро дӯст медошт, ки он ҳангоме ки ӯ ба маҷлиси хитобаи Пайғамбар(с) ворид мешуд, Пайғамбар(с) аз минбар поён омада, ӯро дар оғӯш мегирифт ва ба болои минбар мерафт[17].
Фазилати дӯстӣ ва мазаммати душманӣ бо Имом Ҳусайн(а)
Расули Ҳудо(с) умматро дар бораи Имом Ҳусайн(а) ва бародари бузургвораш Имом Ҳасан(а) супориши зиёде мекард ва фазилати дӯстии бо онҳо ва накуҳиши душмании бо онҳоро ба уммат гӯшзад мекард. Дар ҳақиқат мефармуд: Дӯстии бо онҳо воҷиб аст ва душмании бо онҳо ҳаром.
Ҳамчунон, ки мефармуд:
مَن اَحَبَّ الحَسَنَ وَ الحُسَینَ فَقَد اَحَبَّنِی وَ مَن اَبغَضَهُما فَقَد اَبغَضَنَی
«Ҳар кас Ҳасану Ҳусайн(а)-ро дӯст дорад, маро дӯст доштааст ва ҳар кас дӯшманашон бидорад, маро душман дошта аст».[18]
Ва дар ҷои дигар мефармояд:
الحَسَن و الحُسَین إبنایَ مَن أحَبَّهُما أحَبَّنِی وَ مَن أحَبَنِّی أحَبّهُ الله و مَن أحَبَّهُ الله أدخَلَه الجَنَه و مَن أبغَضَهُما ابغَضَنِی و مَن اَبغَضَنِی أبغَضَهُ اللهُ و مَن أبغَضَهُ اللهُُأدخَلَه ُ النار
«Ҳасан ва Ҳусайн писарони ман ҳастанд, ҳар кас онҳоро дӯст бидорад, маро дӯст дошта аст ва ҳар кас, ки маро дӯст бидорад, Худо ӯро дӯст медорад ва ҳар касеро, ки Худо дӯст бидорад, ӯро дохили биҳишт мекунад ва агар ҳар кас онҳоро душман бидорад маро душман доштааст ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ӯро душман медорад ва ҳар касро, ки Худо душман бидорад, ӯро дохили дӯзах мекунад» [19].
Ва низ мефармояд: انا سَلمٌ لِمَن سالمتُم و حربٌ لمن حاربتُم
«Ман дар сулҳу созишам, бо ҳар кас ки бо шумо дар сулҳу созиш бошад ва дар ҷангу набардам, бо касе ки бо шумо дар ҷанг бошад» [20]
Ва дар ҷои дигар мефармояд:«Имом Ҳасан ва имом Ҳусайн дар зумраи Аҳли байте ҳастанд, ки барои пайравони худ киштии наҷот аз ғарқ шудан ҳастанд».[21]
Имом Ҳусайн(а) сарвари ҷавонони аҳли биҳишт
Расули Худо(с) Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн(а)-ро чандин бор ба ин васф муаррифӣ намуда ва бо хушҳолӣ мефармуд: Ҷабраил(а) ба ман хабар додааст, ки онҳо сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд. Баъзе аз он ривоётро дар инҷо зикр мекунем: Абӯсаиди Худрӣ мегӯяд, ки аз Расули Худо(с) шунидам, ки мефармуд:
الْحَسَنُ وَالْحُسَيْنُ سَيِّدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّةِ
«Ҳасан ва Ҳусайн сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд» [22].
Абӯҳотам ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) фармуд:
مَن أحَبَّ أن يَنظُرَ إلى سَيِّدِ شَبابِ أهلِ الجَنَة فَليَنظُرَ إلى الحُسَينِ
«Ҳар кас дӯст дорад, ки сарвари ҷавонони аҳли биҳиштро бубинад ба Ҳусайн нигоҳ кунад»[23].
Ӯ низ ривоят мекунад, ки Расули Худо(с) фармуд:
أن حَسَنًا وَ حُسَينًا سَيِّدا شَبابِ أهلِ الجِنَة وَ أبُوهُما أفضَلُ مِنهُما
«Ҳасан ва Ҳусайн сарварони ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд ва падарашон ҳазрати Алӣ(а) аз онҳо беҳтар аст»[24].
Шабоҳати имом Ҳусайн(а) ба Паёмбари Акрам(с)
Яке аз муҳимтарин осори қонуни виросат шабоҳати фарзанд ба ниёкони худ аст. Ин шабоҳат гоҳе дар ранг ва пуст аст ва гоҳе дар қаду қомат ва гоҳе ҳам дар ахлоқ, гоҳе дар тамомии ин хусусиёт ва ё дар баъзе аз онҳо.
Бинобар ахборе, ки ба мо расида аст имом Ҳусайн(а) шабоҳати бештар ба ҷаддаш Расули Акрам(с) дошта аст.
Муҳаммад ибни Заҳҳоки Хазомӣ мегуфт:
کانَ وَجهُ الحَسَنَ یَشبَهُ وَجهَ رَسُول اللهِ و کانَ جَسَدُ الحُسَینَ یَشبَهُ جَسَدَ رَسُول اللهِ
«Чеҳраи Имом Ҳасан(а) мисли чеҳраи Расули Худо(с) буд ва пайкари Имом Ҳусайн(а) шабеҳи пайкари Расули Худо(с)».[25]
Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки:
أُتِىَ عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ زِيَادٍ بِرَأْسِ الْحُسَيْنِ فَجُعِلَ فِى طَشتٍ، فَجَعَلَ يَنْكُتُ، وَقَالَ فِى حُسْنِهِ شَيْئًا فَقَالَ أَنَسٌ كَانَ أَشْبَهَهُمْ بِرَسُولِ اللَّهِ
Вақте ки сари Имом Ҳусайн(а)-ро назди Ибни Зиёд оварданд, сари мутаҳҳарашро дар табақе гузошт ва бо чубдасти худ бар он чашм ва бинии имом Ҳусайн(а) мезад ва аз некӯӣ ва зебоии он сухан мегуфт: Чеҳрае ба ин зебоӣ надида. Гуфтам: Ҳусайн монандтарин онҳо (яъне Аҳли байт) ба Пайғамбари Худо(с) буд[26].
Бо баррасии ривоёти зиёд, ки аз Расули Гиромии Ислом(с) расида аст, метавон истифода кард; Имом Ҳусайн(а) бо доштани сифот ва камолоти инсонии фавқулъода мавриди меҳр ва алоқаи ҷадди бузургвораш буда ва калимот дар тамҷид ва ситоиши он Ҳазрат дар мавриди зиёде баён фармуда ва Пайғамбари Акрам(с) ҳеҷгоҳ сухани беҳуда нагуфта аст ва Қуръон ҳам Ҳазрат(с)-ро аз пайравии ҳавои нафс ба дур дониста аст.
« «وَ مَا يَنطِقُ عَنِ الهَْوَى إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْىٌ يُوحَى
Ӯ ҳаргиз аз ҳавои нафс сухан намегӯяд, он чи мегӯяд ба ҷуз ваҳй, ки ба Ӯ илқо мешавад нест. [27]
Ҷойгоҳи Имом Ҳусайн(а) назди саҳоба
Умар ибни Хаттоб(рз) халифаи дуввум ба Имом Ҳусайн(а)гуфт: Он чиро мебинӣ, Худо офарида ва пас аз он Шуморо барои мо ҳадя додааст, яъне ҳар чӣ дар дунё дорем аз Худо дорем.[28]
Абӯҳурайра(рз) мегӯяд: Рӯзе имом Ҳусайн(а), дар сараш аммома (сала) буд пеши мо омад. Фикр кардам, ки Пайғамбар(с) зинда шудааст. Рӯзе Имом Ҳусайн(а) дар ҷанозае ширкат карда буд, вақте ки аз ҷаноза баргашт дар байни роҳ нишаст ва Абӯҳурайра бо либосаш ғубори пойҳои Ҳазратро тамиз кард. Имом фармуд: Абӯҳурайра! Чаро ин корро мекунӣ? Абӯҳурайра дар ҷавоб гуфт: Маро чизе нагӯ! Ба Худо қасам! Агар ончиро ман дар бораи Шумо медонам, мардум медонистанд шуморо бар души худ баланд мекарданд.[29]
Муовия пас аз шаҳодати Имом Ҳасан(а) ба Ибни Аббос гуфт: Акнун ту бузурги бани Ҳошим ҳастӣ. Ибни Аббос гуфт: То вақте ки Имом Ҳусайн(а) зинда бошад, ман ҳеҷкора ҳастам.
Замоне ки Ибни Зиёд дар маҷлиси худ бар лабу дандон ва сари буридаи Имом Ҳусайн(а) бо чӯб мезад, Зайд ибни Арқам ба ӯ гуфт: Ибни Зиёд! Чӯбатро аз ин лабҳо бардор ба Худое, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест бо чашми худ дидам Расули Худо(с) лабҳои муборакашро бар ин ду лаб мегузошт ва онҳоро мебӯсид. Инро гуфт ва гиря кард. Ибни Зиёд гуфт: Худо чашмонатро ҳамеша гирён бидорад, агар пир ва беақл набудӣ гарданатро мезадам. Зайд аз маҷлиси Ибни Зиёд берун рафт ва мегуфт: Эй мардуми араб! Аз имрӯз ба баъд, ба ғуломӣ ва бардагӣ даромадед! Зеро писари Фотима(с)-ро шаҳид кардед ва писари Марҷона (Ибни Зиёдро) ҳоким худ қарор додед![30]
Вақте ки Муовия ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфт: Ту бузурги Бани Ҳошим ҳастӣ? Абдуллоҳ ба ӯ ҷавоб дод: Сарвар ва бузурги Бани Ҳошим Ҳасану Ҳусайн ҳастанд.
Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар номае ба Имом Ҳусайн(а) навишт ва гуфт: Агар шумо имрӯз аз дунё биравӣ нури Ислом ба хомушӣ мегарояд, зеро Шумо раҳбари ҳидоятёфтагон ва сарвари мӯъминон ҳастед[31].
Тавозуъ ва фурутании имом Ҳусайн(а)
Такаббур ва худписандии инсонҳо аз нодонӣ ва ғафлат аст. Аммо ҳарчи маърифату худошиносӣ, тавҳид ва илму ҳикмати инсон бештар шавад тавозуи ӯ зиёдтар мешавад.
Имом Ҳусайн(а) аз кучае мегузашт, ки дар онҷо чанд тан аз фақирон порчаеро паҳн карда рӯи он нон гузошта, мехӯранд. Ҳамин ки имом Ҳусайн(а)-ро диданд гуфтанд: Бифармо эй фарзанди Расули Худо(с)!
Имом(а) назди онҳо рафт ва дар канори онон зону зад ва рӯи замин нишаст ва бо онҳо нон хӯрд ва ин оятро тиловат кард:
إِنَّهُ لَا يحُِبُّ الْمُسْتَكْبرِِين
Ба ростӣ, ки Худо мутакаббиронро дӯст намедорад[32].
Баъд Имом Ҳусайн(а) аз онҳо даъват кард, ки ба манзили ӯ биёянд ва ба онҳо таом дод.[33]
Фазоили ахлоқии Имом Ҳусайн(а)
Арзиши воқеии инсонҳо ба илм, камолот, фазоил ва сифоти ахлоқӣ аст. Афроди башар, ҳарчанд аз ҷиҳати ҷисм ва зоҳир, либос, молу мақом бо ҳам тафовутҳое доранд, вале ин тафовутҳо сабаби имтиёзи онҳо бар якдигар нест. Он чизе, ки сабаби имтиёзи ҳақиқӣ аст, илм, фазилат, ахлоқу рафтори нек аст. Ба тасдиқи дӯсту душман, Пайғамбари Акрам(с) соҳиби ахлоқи азим ва ягона намунаи камоли башарӣ аст. Аҳли Байти Ӯ, аз он ҷумла Имом Ҳусайн(а) вориси камолоти илмӣ, ахлоқӣ ва ҷисмии Ӯ аст. Мардум дар симо ва рафтору равиш он, Пайғамбар(с)-ро медиданд.
Ибодати Имом Ҳусайн(а)
Табарӣ аз Абдуллоҳ ибни Зубайр нақл мекунад, ки чун шаҳодати он Ҳазратро шунид, гуфт:
اما واللهِ لَقَد قَتَلُوهُ، طَوِیلاً بِاللَّیلِ قِیامه،کَثِیرا فِی النَهَارِ صَومه
Ба Худо қасам мардеро куштанд, ки қиёмаш дар шаб тӯлонӣ ва рӯзааш дар рӯз бисёр буд[34].
Шиддати тарси Имом(а) аз Худо ба қадре буд, ки ҳаргоҳ вузӯ (таҳорат) мегирифт, ранги чеҳрааш дигаргун мешуд ва бадани муборакашон меларзид ва мефармуд: «Шоиста аст, ки мӯъмин вақте дар пешгоҳи Худованди Қаҳҳор қарор мегирад, ранги чеҳрааш зард бишавад ва баданаш ба ларза афтад». Касоне, ки ин ҳолатро дар Имом Ҳусайн(а) мушоҳида мекарданд аз ин ҳолати Имом дар ҳайрат мешуданд ва мегуфтанд: Чӣ қадар аз Худоят хавф (тарс) дорӣ? Имом Ҳусайн(а) дар ҷавоб мефармуд: «Дар рӯзи қиёмат, танҳо касоне дар амон ҳастанд, ки дар дунё аз Худо тарс доранд»[35].
Шаҳодати Имом Ҳусайн(а)
Баъд аз марги Муовия, Валид амири Мадина номае аз Язид дарёфт кард, ки бояд аз Имом Ҳусайн(а) барои Язид байъат бигирад. Валид, амири Мадина Имом Ҳусайн(а)-ро назди худ хонд, то бо Язид байъат кунад, Имом аз байъат худдорӣ кард, Марвон ба Валид гуфт: Нагузор Ҳусайн аз хона берун равад, то байъат кунад, агар накард гарданашро бизан.
Имом рӯ ба ӯ кард ва фармуд: «Вой бар ту эй писари Зарқо! Ту дастури куштани маро медиҳӣ?» Сипас ба тарафи Валид баргашт ва фармуд: «Эй амир! Мо хонадони нубувват ва маъдани рисолат ва маҳалли рафту омади фариштагонем, раҳмати Худо бар хонаҳои мо нозил мешавад, Язид марди шаробхор ва одамкуш аст, ки ошкоро муртакиби фисқ мешавад ва касе мисли ман бо касе чун ӯ байъат намекунад»[36].
Имом Ҳусайн(а) пас аз он ба тарафи Макка ҳаракат кард, аммо афроди Язид мехостанд ӯро дар Макка ба шаҳодат бирасонанд ва ба хотире, ки дар Байтуллоҳ хуне рехта нашавад аз Макка хориҷ шуд ва барои эҳёи ҳақ ва ислоҳи ҷомеаи исломӣ ва дифоъ аз дин ба тарафи Куфа ҳаракат кард. Вақте ки аз Имом пурсиданд чаро барои рафтан ба Куфа шитоб мекунӣ, фармуд: «Агар зуд наравам маро дастгир мекунанд»[37]. Ва ин суханро мегуфт: «Мурдани бо иззату шарофат аз зиндагии бо зиллат беҳтар аст».
Бале, Имом қиём кард барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, барои иқомаи намоз, барои зинда кардани Ислом, барои ин ки эҳсосот ва авотифи олияи исломӣ дар вуҷуди мо зинда шавад[38]. Аммо дар даҳуми моҳи Муҳарами соли шасту якуми ҳиҷрӣ, ҳамин ки Имом Ҳусайн(а) ба Карбало расид Ибни Зиёд ва Умари Саъд ба дастури Язид писари Муовия, Имом Ҳусайн(а)-ро бо ҳамроҳии ёрону фарзандон ба шаҳодат расонданд ва сарҳои муборакашонро аз бадан ҷудо карда дар сари найзаҳо гузоштанд ва сари Имом Ҳусайн(а)-ро ба Шом назди Язид писари Муовия фиристоданд[39].
[1]. Коршиноси аршад (фалсафа)
[2].Саҳеҳи Тирмизӣ, китоби маноқиб, боби маноқиби Алӣ ибни Абитолиб.
[3]. Ҳамон
[4]. Усдулғоба, ҷ.5 с.522.
[5]. Саҳеҳи Тирмизӣ, китоби маноқиб, боби фазилати Фотима (с).
[6].ал-Бидоя ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.462.
[7]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.1, с.566; ал-Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.
[8]. ал-Мустадрак алассаҳиҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.41, с.119.
[9]. ал-Бидояту ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.2444.
[10]. Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб.
[11]. Таърихи Бағдодӣ, ҷ. 2, с.204.
[12]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.1, с.566; Сунани Ибни Моҷа, китоби алсуна фазлил Ҳасан ва Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.114.
[13]. Саҳеҳи Муслим, боби фазоили Ҳасан ва Ҳусайн; ал–Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.
[14]. Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн ибни Алӣ; Фатҳул борӣ, дар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн.
[15]. Ҳамон.
[16]. Ҳамон ва Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14 с.153.
[17]. Ҳамон.
[18]. Сунани Ибни Моҷа, китобуссунна, фазлул Ҳасани вал Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб; Таърихи мадинату Димишқ, Ибни Асокир, ҷ14, с.152.
[19]. ал–Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.156.
[20]. Таърихи мадинату Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.15856; Сунани Ибни Моҷа, китобуссунна, фазлил Ҳасан ва Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб.
[21]. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, с.149.
[22]. Усдулғобафимаърифатис саҳоба, ҷ.1, с.567; Захоирул уқбо, Аҳмад ибни Абдуллоҳи Табарӣ, с.128.
[23]. Захоирул уқбо, Аҳмад ибни Абдуллоҳи Табарӣ, с.128.
[24]. Ҳамон. с.127; ал–Мустадрак алассаҳеҳайн, мин маноқибил Ҳасани вал Ҳусейн.
[25]. ал-Бидояту ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.262; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.127.
[26]. Фатҳул борӣ дар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн(р), ҷ.7, с.467; ал–Бидоя ванниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.262; Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейниб ибни Алӣ ибни Абитолиб; Усдулғоба фи маърифатис саҳоба ҷ.1, с.566.
[27]. Сураи Наҷм, ояти 3–4
[28]. ал-Исоба, ҷ.1, с.333.
[29]. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.4, с.322.
[30]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба,ҷ.1, с.570.
[31]. ал-Футуҳ, Ибни Аъсам, ҷ.5, с.116; ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, с.168.
[32]. Сураи Наҳл, ояи 33.
[33]. Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, ҷ.6, с.66.
[34]. Таърихи Табарӣ, ҷ.6, с.273.
[35]. Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, ҷ.6, с.66.
[36]. Мақтали Хоразмӣ, ҷ.1, с.183; Таърихи Табарӣ, ҷ.4, с.251.
[37]. Таърихи Табаррӣ, ҷ.4, с.290.
[38].ал-Футуҳ, Ибни Аъсам, ҷ.5, с.33.
[39]. Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.1, с.570; ал-Бидояту ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.462.