Духтараки 5 сола дар дасташ ду дона себ дошт. Модараш хост, ки духтарашро бисанҷад, аз ин рӯ ба ӯ гуфт: Духтарҷон, як себатро ба ман бидеҳ то ман ҳам бихӯрам.
Духтарак аввал ба модараш нимнигоҳе карду сипас аз ҳар ду себро як бори газиду хӯрд.
Модараш ин ҳолатро дида ба худ гуфт: Кош ин гапро намегуфтам. Шояд ӯ аз ин гап нороҳат шуда бошад.
Баъдан духтарак табассум карду гуфт: Модарҷон, шумо ин себашро гиред, чун ширинтар аст.
Кош мо ҳам ин фикри кӯдакро медоштему беҳтаринҳоро ба модар медодем…
Ширинтарро гиред!
- بازدید: 1989