Кулоҳфурӯше аз ҷангале мегузашт. Хеле хаста шуда буд. Тасмим гирифт, ки муддате зери дарахт истироҳат кунад. Аз ин рӯ кулоҳҳоро канори худ гузошт ва хобид. Вақте бедор шуд дид кулоҳҳо нестанд.
Чун ба болои сараш нигоҳ кард дид маймунҳо кулоҳҳоро ба сар кардаанд. Барои гирифтани онҳо дунболи роҳи чора буд.
Дар ҳоли фикр кардан сарашро хорид. Дид маймунҳо ҳамин корро карданд. Кулоҳро аз сараш бардошт. Дид, ки маймунҳо ҳам аз ӯ тақлид карданд. Ба фикраш расид, ки кулоҳи худро рӯй замин андозад. Ҳамин корро кард. Маймунҳо ҳам кулоҳҳоро ба замин андохтанд. Ӯ ҳамаро ҷамъ кард ва равонаи шаҳр шуд.
Солҳои баъд набераи ӯ ҳам кулоҳфурӯш шуд. Бобояш ин достонро барояш гуфт ва таъкид кард, ки агар чунин вазъе барояш пеш омад чӣ кор кунад.
Як рӯз, ки ӯ аз ҳамон ҷангал мегузашт дар зери дарахте истироҳат кард ва ҳамон ҳодиса рух дод. Ӯ сарашро хорид. Маймунҳо ҳам ҳамон корро карданд. Ӯ кулоҳашро бардошт. Маймунҳо ҳам бардоштанд. Баъд кулоҳашро бар замин партофт, вале маймунҳо ин корро накарданд. Яке аз маймунҳо аз дарахт поин омад ва кулоҳро аз замин бардошту силии сахте ба ӯ заду гуфт: Фикр мекунӣ, ки фақат ту бобо дорӣ?!
Фақат ту бобо дорӣ?!
- بازدید: 1864