Устоди бузурге бо шогирдонаш аз назди қабре мегузаштанд.
Устод пурсид: Агар ин шахсе, ки дар қабр аст дубора ба дунё ояд, чӣ кор мекунад?
Шогирдон ҷавобҳои гуногун доданд:
1. доимо намоз мехонад.
2. доим рӯза мегирад
3. доим Қуръон мехонад
4. ҳаққи мардум намехӯрад
5. ба дигарон зулм намекунад
6. дар ҳамаи корҳо ризои Худоро дар назар мегирад
7. ҳамсояҳоро намеозорад
8. ва ...
Баъд аз шунидани ин ҷавобҳо устод фармуд: Ба дунё омадани ин шахси мурда дар гумон аст, аммо рафтани мо ба зери хок дақиқу аниқ аст. Мо ҳам мисли ӯ маргро мечашем. Пас, чаро ин амалҳоеро, ки зикр кардед амал накунем. Мунтазири чӣ ҳастем? Фурсатеро, ки ӯ аз даст додааст, мо ғанимат бидонем!
Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?
Мо чаро ... ?
- بازدید: 1694