Писарбачае дар хона хеле модарашро азият кард ва озор дод. Модар ҳам хеле аз ӯ нороҳат ва асабонӣ шуда буд. Вақте падар аз дар даромад, модар аз писараш шикоят кард. Падар бо вуҷуди ин ки хеле хаста буд, чубро бардошт ва ба самти писараш рафт. Писар дид, ки вазъият хеле бад ва ҳамаи дарҳо баста аст ва ҳеҷ роҳи гурезе нест.
Вақте падар чубро боло бурд, писар зуд худро ба синаи падар часпонд.
Дасти падар суст шуд ва чуб аз дасташ афтод.
Мо ҳам ҳар вақт дар вазъияти баде қарор гирифтем худро ба раҳмати бениҳояти Худои меҳрубон бияфканем, чун ӯ заррае аз ин меҳру муҳаббатро ба падарон додааст.
Роҳи наҷот
- بازدید: 2232