Нисбат ба занони дигарон покдоманӣ пеша кунед то дигарон нисбат ба занони шумо ҳам бо покдоманӣ рафтор кунанд. (Имом Ҷаъфари Содиқ (а))
Донишҷӯи ҷавоне ба духтаре дил мебандад ва кам-кам вомехӯранд, то ин ки дар доми шайтон меафтанд. Баъд аз муддате духтар ҳомила мешавад. Вақте хонаводаи духтар хабардор мешаванд ба назди ҷавон омада гиребонашро мегиранд, ки чаро чунин кардӣ.
Ҷавон мегӯяд: Ман коре накардаам. Равед пеши роҳи духтари худро гиред. Агар ӯ розӣ намешуд, коре намешуд.
Хонаводаи духтар шармсор аз назди ҷавон берун мераванд.
Рӯзе ин ҷавон вақте ба хона меояд мебинад, ки модараш дар ҳавлӣ доду фарёд ва нола дорад. Модар вақте писарашро мебинад мегӯяд: Хоҳарат, хоҳарат!
Ҷавон мепурсад: Барои хоҳарам чӣ шудааст?
Модар бо гиря мегӯяд: Хоҳарат аз писари ҳамсоя ҳомила шудааст.
Ҷавон бо хашму ғазаби фаровон ба хонаи ҳамсоя медавад ва гиребони писари ҳамсояро мегирад ва бар сараш дод мезанад, ки чаро чунин кардӣ.
Писари ҳамсоя бо хунсардӣ, гӯё ҳеҷ ҳодисае рух надода бошад мегӯяд: Чаро бо ман чунин мекунӣ?
Ҷавон мегӯяд: Бо хоҳарам!
Писари ҳамсоя мегӯяд: Аз хоҳарат бипурс!
Ҳамон лаҳза ба ёди ҷавобе, ки ба хонаводаи духтар дода буд меафтад.
Дасташ ба ларза меафтад. Ҳоло ҳис мекард, ки ҳоли хонаводаи он духтар чӣ буд ва рафтор ва гуфтори ӯ чӣ қадар номардона буд.
Аз хонаи ҳамсоя берун омад. Ҳанӯз намедонист бо ин ҳодиса чӣ кор кунад.
Ҷавон зан гирифт. Ҳамон шаби аввал фаҳмид, ки занаш духтар набудааст. Занаш бо гиряву зорӣ хоҳиш мекард, ки гуноҳашро бипӯшонад, то Худо низ ӯро бибахшад, зеро ба хато ба ин гуноҳ даст задаасту худаш ҳам пушаймон аст.
Ин дафъа ҳоли духтареро, ки аз роҳи ҳаром наздик шуда буд ба зеҳнаш овард, ки на танҳо нодухтар, балки ҳомила шуда буд. Чӣ қадар тасаввураш сахт буд.
Ҷавон боз худро ба хотири он кораш гунаҳкор ва ин ҳолатҳоро товони он гуноҳ ва нофармонӣ медонист. Ҳар чӣ фикр мекард бештар ҳисси шармандагӣ ва сарафкандагӣ мекард ва ...
Дар дарунаш ба хатои худ эътироф карда буд ва аз Худо мехост, ки ӯро бибахшад ва ба бадбахтӣ ва беобрӯияш поён бахшад ва беш аз ин ...
Модоме ки роҳи дуруст ва обрумандона ҳаст чаро ба бероҳа равем?
Озмударо озмудан хатост.
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.