Марде аз ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (к) пурсид: Агар об бинӯшам ҳаром аст?
Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: Не
Пурсид: Агар хурмо бихӯрам ҳаром аст?
Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: Не
Пурсид: Пас чигуна агар ин ду (обу хурмо)-ро бо ҳам кунам ва муддате дар офтоб бигузорам, ки шароб шавад хӯрданаш ҳаром мешавад?
Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: Агар об рӯи сарат пошам эҳсоси дард мекунӣ?
Гуфт: Не
Боз фармуд: Агар як мушт хок бар сарат пошам эҳсоси дард мекунӣ?
Гуфт: Не
Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: Агар ин ду (обу хок)-ро ба ҳам биёмезам ва муддате дар офтоб бигузорам онгоҳ ба сарат занам чӣ?
Гуфт: Сарам мекафад.
Ҳазрати Алӣ (к) фармуд: Ҳикояти он низ ин гуна аст.
Қазоватҳои ҳазрати Алӣ (к)
Ҷудо ва якҷоя
- بازدید: 1433