Мусулмоне дар хонаи як масеҳӣ меҳмон шуд. Барояш ангур оварданд хӯрд. Баъд аз муддате шароб оварданд.
Гуфт: Ман намехӯрам, чунки ҳаром аст!
Масеҳӣ гуфт: Аҷиб аст, ки шумо мусулмонон хӯрдани ангурро ҳалол медонед, аммо хӯрдани шаробро ҳаром медонед, дар ҳоле ки шароб аз ангур ба даст омадааст.
Мусулмон гуфт: Бубин ин зани ту ва ин ҳам духтари ту аст. Дуруст гуфтам?
Масеҳӣ гуфт: Бале!
Мусулмон гуфт: Қабул дорӣ, ки Худо издиҷои занро бароят ҳалол карда ва духтарро ҳаром, дар ҳоле ки духтарат аз занат ба дунё омадааст.
Масеҳӣ ҳамон ҷо мусулмон шуд!
Яке ҳалол дигаре ҳаром!
- بازدید: 1607