Марде пеши занаш омаду гуфт: Намедонам имрӯз чӣ кори хубе кардам, ки фариштае садоям зад, ки як дуо кун, то фардо бо ризояти Аллоҳ баровардааш созам.
Занаш гуфт: Мо шонздаҳ сол аст, ки бо ҳам зиндагӣ дорем, аммо фарзанддор нашудаем, дуо кун, ки соҳиби фарзанд шавем.
Мард ба фикр афтоду назди модараш рафт ва моҷароро нақл кард.
Модараш гуфт: Ту медонӣ, ки солҳост нобино шудаам ва сахт дар азобам. Дуо кун, ки чашмонам бино шаванд.
Мард бештар ба фикр фурӯ рафт ва суроғи падарашро гирифт.
Падараш баъд аз шунидани сухани писараш гуфт: Солҳост, ки корҳои ман бебарор шуда ва бисёр қарздор шудаам. Дуо кун, ки соҳиби пули зиёде шавем. Мард барои интихоби ин хостаҳо фикр кард, ки кадомаш муҳимтар аст. Хостаҳои ҳар се ҳам аз рӯи инсоф ва муҳим буданд. Баъди фикри тӯлонӣ Худо ӯро роҳнамоӣ кард.
Субҳ вақте фаришта гуфт: Эй мард дуо кун, ки ин шоа Аллох дуоят амалӣ мегардад.
Мард гуфт: Мехоҳам модарам фарзандамро дар гаҳвораи қиматбаҳо бинад.
Ӯ бо як дуо дили ҳамаро ба даст овард ва мушкили ҳар се ҳал шуд.
Хеле вақтҳо метавон бо дархости кӯмак аз Худои Муатол беҳтарин роҳҳалҳоро интихоб кард ва ба мақсад расид. Аз тавфиқи Худо ғофил ва маҳрум набошем! Ин шоа Аллоҳ
Тавфиқи ҷамъ
- بازدید: 1538