Донишҷӯе ба устодаш гуфт: Устод, агар шумо Худоро ба ман нишон диҳед ибодаташ мекунам. То вақте Худоро набинам ибодат намекунам.
Устод ба охири синфхона рафт ва ба он донишҷӯ гуфт: Оё маро мебинӣ?
Донишҷӯ посух дод: Не, устод! Маълум аст, ки вақте пушти ман ба шумо бошад шуморо намебинам.
Устод канори ӯ рафт ва нигоҳе ба ӯ карду гуфт: То вақте ба Худо пушт карда бошӣ ӯро нахоҳӣ дид!
Пушт ба Худо
- بازدید: 1422