- Каъба дар назари умматҳои мухталиф мавриди эҳтиром ва тақдис буд. Масалан ҳиндиён онро таъзим мекарданд ва муътақид буданд ба ин ки руҳ “Суфиё” ки ба назари онон Уқнуми севвум аст, дар Ҳаҷаруласвад ҳулул карда, ва ин ҳулул дар замоне воқеъ шуда, ки Сифо бо ҳамсараш аз билоди Ҳиҷоз дидор карданд.
- Ҳамчунин соибине аз Фарас ва Калдониён, Каъбаро таъзим мекарданд, ва муътақид буданд, ки каъба яке аз хонаҳои муқаддаси ҳафтгона аст; ки дуввумини он Морс аст ки бар болои кӯҳе дар Исфаҳон қарор дорад. Севвум, бинои Мандусон аст ки дар билоди Ҳинд воқеъ шуда аст. Чаҳорум Навбаҳор аст ки дар шаҳри Фарғонаи Хуросон воқеъ аст. Ва ҳафтум хонае аст дар болотарин шаҳрҳои Чин ва гуфташуда, ки Гулдониён муътақид буданд Каъба хонаи Зуҳал аст, чун қадимӣ буда ва умри тулонӣ карда аст.
- Форсиён ҳам онро таъзим мекарданд, ба ин ақида ки руҳи Ҳурмуз дар он ҳулул карда ва чи басо ба зиёрати Каъба низ мерафтанд.
- Яҳудиён ҳам онро таъзим мекарданд ва Худоро тибқи дини Иброҳим ибодат мекарданд; ва дар Каъба суратҳо ва муҷассамаҳое буд. Аз он ҷумла тимсоли Иброҳим ва Исмоил, ки дар дасташон чубҳое аз лом доштанд. Ва аз он ҷумла сурати Марям Азроъ ва Масеҳ буд, ва ин худ шоҳид бар он аст ки ҳам Яҳуд Каъбаро таъзим мекарда ва ҳам Насоро.
- Араб ҳам онро таъзим мекарда, таъзими комил; ва онро хонае барои Худои Таоло медониста ва аз ҳар тараф ба зиёраташ меомаданд ва онро банои Иброҳим медониста ва масъалаи Ҳаҷ ҷузъи дини араб буда, ки бо омили таворис дар байни онҳо боқӣ монда буд.
-
- Таърихи таҳлили Ислом, ҷилди 2, саҳфаи 119 – Расули Маҳаллотӣ