Марде як шаб дар хонаи деҳотӣ мехобад. Ҳама ҷо торик буд. Ҳавои хона муносиб набуд. Хобаш намебурд. Ба самти тирезаҳо рафт. Ҳар чӣ талош кард тирезаҳо боз нашуданд.
Нимашаб эҳсоси тангии нафас кард ва дар торикӣ дубора ба сӯи тиреза рафт, аммо натавонист онро боз кунад! Ин дафъа бо мушт ба шишаи тиреза зад ва онгро шикаст. Омадани ҳавои тозаро эҳсос карду тамоми шаб роҳат хобид.
Субҳ ҳаво равшан шуд. Вақте ба тиреза нигоҳ кард фаҳмид, ки шаб шишаи китобхонаро шикастааст ва тамоми шаб тиреза баста будааст...! "Ӯ танҳо бо фикри оксиген, оксигени лозимро ба худ расонда буд...!!"
Афкор неру ва неру кор анҷом медиҳад...