کسی برخواست
Соҳибдиле барои барпо доштани намоз ба масҷид рафт.
Намозгузорон ӯро шинохтанд ва аз ӯ хостанд, ки пас аз намоз бар минбар равад ва онҳоро насиҳат кунад.
Соҳибдил пазируфт.
Намози ҷамоат тамом шуд. Ҳамаи чашмҳо ба сӯи ӯ нигоҳ мекард.
Соҳибдил бархост ва бар пиллаи аввали минбар нишасту «бисмиллоҳ» гуфт ва Худо ва Расулашро ситоиш кард.
Он гоҳ ба ҷамоат гуфт: Мардум, ҳар кас аз шумо, ки медонад имрӯз то шаб зинда хоҳад буд ва намемирад, бархезад!
Касе барнахост.
Гуфт: Ҳоло ҳар кас аз шумо, ки худро омодаи мурдан кардааст, бархезад!
Боз касе барнахост.
Гуфт: Шигифто аз шумо, ки ба мондан бовар надоред ва барои рафтан ҳам омода нестед!
Касе барнахост
- بازدید: 1489