Шахсе гирифтори қарзи зиёд шуд. Ӯро ба сӯи тоҷири саховатманде роҳнамоӣ карда гуфтанд: Ӯ аҳли эҳсон аст ва мушкили туро ҳал мекунад. Қарздор дунболи он тоҷир рафт ва ӯро дар бозор ҳангоми тиҷорат ёфт. Вақте наздик шуд дид тоҷир барои як дирҳам бо фарди дигаре баҳс дорад. Бо дидани ин саҳна аз гуфтани мушкилаш пушаймон шуду баргашт ва бо худ гуфт: Чигуна аз касе, ки барои як дирҳам баҳст мекунад умеди ҳалли мушкил ва карам дошта бошам.
Тоҷир, ки ӯро дида буд фаҳмид, ки барои ҳоҷате омадааст. Пас ба
дунболи ӯ рафту гуфт: Бо ман кор доштӣ?
Қарздор гуфт: Ҳоҷате доштам, аммо ба назарам гуфтанаш бефоида аст.
Тоҷир пай бурд, ки барои пул омадааст. Як киса зар ба ӯ дод.
Қарздор ҳайрон шуду гуфт: Баҳс бар сари як дирҳам ва бахшиши як кисаи зар чӣ сирре дорад?
Тоҷир гуфт: Он муомила бо як тоҷир буд ва ин муомила бо Худост. Дар кори хайр ҳисобам бо Худост ва ӯ ҳам хеле хушҳисоб аст.
Худои хушҳисоб
- بازدید: 1660