Марди бесаводе Қуръон мехонд, вале маънияшро намефаҳмид. Рӯзе писараш аз ӯ пурсид: Қуръон хондани ту чӣ фоидае дорад, вақте ки маънӣ онро намефаҳмӣ?
Падар гуфт: Писарам, сабадро бигир ва аз оби дарё пур кун ва бароям биёр.
Писар гуфт: Мумкин нест, ки об дар сабад боқӣ бимонад.
Падар гуфт: Имтиҳон кун писарам.
Писар сабаде, ки дар он ангишт мегузоштанд гирифту ба сӯи дарё рафт.
Сабадро зери об бурд ва бошитоб ба тарафи падараш давид, вале об аз сабад рехт ва ҳеҷ намонд.
Писар ба падараш гуфт, ки ин кор ҳеҷ фоидае надорад.
Падараш гуфт: Дубора имтиҳон кун писарам.
Писар дубора имтиҳон кард, вале натавонист об барои падар биёрад. Барои бори севум ва чорум ҳам имтиҳон кард, то ин ки хаста шуд ва ба падараш гуфт: Намешавад, ин кор фоида надорад!
Падар бо лабханд ба писараш гуфт: Сабад читавр буд?
Писар фаҳмид сабад, ки аз боқимондаҳои ангишт олуда ва сиёҳ буд, инак пок ва тамиз шудааст.
Падар гуфт: Ин камтарин фоидае аст, ки Қуръон барои қалбат дорад. Дунё ва корҳои он, қалбатро аз сиёҳиҳо ва олудагиҳо пур мекунад ва хондани Қуръон ҳамчун дарё синаатро пок мекунад, ҳатто агар маънии онро надонӣ.
Камтарин фоида
- بازدید: 1464