Аввалин рӯзҳое, ки дар хориҷа будам, ҳар рӯз субҳ бо мошини яке аз ҳамкоронам аз меҳмонхона ба маҳалли кор мерафтем. Ҳавои моҳи сентябр каме сард ва барфӣ буд.
Мо субҳи зуд ба корхона мерасидем ва ҳамкорам мошинашро дар ҷои дуре нисбат ба даромадгоҳи сохтмон мегузошт.
Дар он замон 2000 корманд бо мошини шахсӣ ба корхона меомаданд.
Рӯзи аввал, дувум ва севум чизе нагуфтам, вале рӯзи чорум ба ҳамкорам гуфтам: Оё ҷои махсус барои мондани мошин дорӣ? Чаро мошинатро ин қадар дур аз даромадгоҳ мегузорӣ, дар ҳоле ки наздик ҷои холӣ ҳаст?
Дар ҷавоб гуфт: Чун мо зуд мерасем ва вақт барои пиёда рафтан дорем. Ин ҷоҳоро бояд барои касоне бигузорем, ки дертар мерасанд ва ниёз ба ҷои наздиктар доранд то сари вақт ба корашон бирасанд. Магар ту мувофиқ нестӣ!? Шояд рӯзе худи мо дер кунем?
Чаро дур?
- بازدید: 1589