Чанд ҷавоне дар моҳи Рамазон пирамардеро диданд, ки дар гӯшае ғизо мехӯрд.
Ба ӯ гуфтанд: Эй пирамард, магар рӯзадор нестӣ?
Пирамард гуфт: Бале, рӯзадорам, аммо фақат обу хӯрок мехӯрам.
Ҷавонон хандаи таҳқиромез карда гуфтанд: Рост мегӯӣ?
Пирамард гуфт: Бале, чун зани номаҳрамро бо шаҳват нигоҳ ё касеро масхара ва дуздӣ намекунам, касеро дашном ва озор намедиҳам, вале чун меъдаам дард мекунад бояд обу ғизо бихӯрам.
Сипас пирамард аз ҷавонон пурсид: Оё шумо рӯзадоред?
Яке аз ҷавонҳо бо хиҷолат сарашро поин андохту ором ҷавоб дод: Не, мо фақат обу хӯрок намехӯрем.
Рӯзаи пирамард
- بازدید: 1506