Рӯзе Расули Худо(с) дар назди ҷавоне, ки дар ҳоли ҷон додан буд ҳозир шуд. Ҳазрат ба ҷавон фармуд: Бигӯ: Ло илоҳа илло Аллоҳ ҷавон ҳар чӣ саъй кард натавонист бигӯяд ва забонаш баста шуда ва ҳар чӣ ҳазрат такрор мекард ҷавон наметанист бигӯяд. Расули Худо(с) аз зане, ки болои сари ҷавон буд пурсид: Оё ин ҷавон модар дорад?
Он зан гуфт: Бале, ман модараш ҳастам.
Ҳазрат фармуд: Оё ту аз дасти ӯ нороҳатӣ?
Он зан гуфт: Оре, эй Расули Худо! Шаш сол аст, ки бо ӯ қаҳрам ва сухан намегӯям.
Ҳазрат фармуд: Ӯ дар ҳоли ҷон додан аст аз ӯ розӣ шав!
Модар гуфт: Эй Расули Худо, Худованд ба хотири ризояти ту аз ӯ розӣ бошад.
Вақте ин ҷумларо гуфт забони ҷавон боз шуд ва тавонист сухан бигӯяд. Ҳазрат ба ӯ фармуд: Бигӯ: Ло илоҳа илло Аллоҳ
Ҷавон ҳам онро такрор кард.
Ҳазрат ба ҷавон гуфт: Чӣ мебинӣ?
Ҷавон гуфт: Марди сиёҳу бадсимоеро мебинам, ки бо либосҳои чиркин ва бадбӯ ба назди ман омада ва гулуи маро мегирад.
Ҳазрат фармуд, ки бигӯ: Ё ман яқбалу алясир ва яъфу анилкасир иқбал миннӣ алясир ваъфу аннӣ алкасир иннака анта алғафуру арраҳим
Чун ҷавон ин ҷумлаҳоро гуфт ҳазрат фармуд: Ҳоло чӣ мебинӣ?
Ҷавон гуфт: Он марди сиёҳи бадрӯ пушт кард ва мехоҳад биравад ва марди сафедранг ва зебову хушбӯ бо либосҳои хуб назди ман омадааст.
Ҳазрат фармуд: Пас ин ҷумлаҳоро як бори дигар ҳам такрор кун.
Ҷавон бори дигар такрор кард.
Ҳазрат фармуд: Ҳоло чӣ мебинӣ?
Ҷавон гуфт: Дигар он марди сиёҳро намебинам ва ин шахси сафед ва зебо дар назди ман аст ва он ҷавон дар он ҳол аз дунё рафт. Биҳор, ҷ. 74, саҳ. 75
Ризои модар
- بازدید: 1505