Гурӯҳе аз Ансор (аҳли Мадина) назди Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омада салом карданду гуфтанд: Ё Расулаллоҳ ҳоҷате дорем.
Ҳазрат фармуд: Бигӯед.
Гуфтанд: Ҳоҷат бузурге аст!
Фармуд: чист?
Арз карданд: Мехоҳем барои мо назди Худованд биҳиштро ба ӯҳда бигирӣ!
Паёмбари Аъзам (с) сари хеш фурӯ андохта пас аз андаке сарро баланд намуда фармуд: Ман ин корро мекунам ба шарт он ки аз ҳеҷ кас ҳеҷ чизе дархост накунед!
Ҳазрати имом Содиқ (Дуруди Худо бар ӯ бод) фармуд: Гоҳе мешуд, ки яке аз эшон дар мусофират тозиёнааш (аз рӯи асб ё шутур) ба замин меафтод, вале хуш намедошт ба дигаре бигӯяд, ки тозиёнаро ба ман бидеҳ, чун мабодо дархост карда бошад. Худаш поин меомад ва бармедошт! Ва гоҳе мешуд, ки бар сари дастархоне буд ва дигар ҳамнишинон ба об наздиктар буданд, вале ӯ аз онон тақозо намекард, балки худаш бармехост ва об менӯшид
Васоил, ҷ. 6, саҳ. 307
Аз касе чизе нахоҳ!
- بازدید: 1533