Рӯзе ҳазрати Козим фарзанди имом Содиқ аз кӯчаҳои Бағдод мегузашт. Аз хонае садои арбада ва тору танбур баланд буд. Мезаданд, мерақсиданд ва садои пойкӯбӣ меомад.
Дар ҳамин замон ходими он манзил берун омад, то ошғолҳои хонаро берун гузорад. Имом ба ӯ фармуд: Соҳиби ин хона озод аст ё банда?
Савол аҷибе буд. Ходим гуфт: Аз хона ба ин муҷаллалӣ инро намефаҳми? Ин хонаи «Бишр» аст, яке аз мардони бузург, аз ашроф, аз аъён. Маълум аст, ки озод аст.
Фармуд: Бале, озод аст, чун агар банда мебуд, ин сару садоҳо аз хонааш баланд набуд.
Ҳол, чӣ ҷумлаҳои дигаре баён шуд маълум нест, вале ҳамин қадар навиштаанд, ки сӯҳбат андаке замон бурд. Ҳазрат рафт ва ходим баргашт.
Бишр фаҳмид, ки берун рафтани ходим чанд дақиқае тӯл кашид. Назди ӯ рафту гуфт: Чаро дер кардӣ?
Гуфт: Марде вақти маро гирифт.
Пурсид: Чӣ гуфт?
Гуфт: Саволи аҷибе аз ман кард.
Чӣ савол кард?
Аз ман пурсид: Соҳиби ин хона банда аст ё озод?
Гуфтам: Албатта, ки озод аст.
Баъд ҳам гуфт: Бале, озод аст, чун агар банда мебуд, ин сару садоҳо берун намеомад.
Гуфт: Он мард чӣ нишонаҳое дошт?
Вақте ходим нишонаҳояшро гуфт, Бишр фаҳмид, ки Мӯсо ибни Ҷаъфар аст.
Гуфт: Куҷо рафт?
Аз ин тараф рафт.
Побараҳна буд. Ба худ фурсат надод, ки биравад кафшҳояшро бипӯшад, чун мумкин аст ҳазратро пайдо накунад. Берун давид.
Давид ва худашро ба домани имом андохту арз кард: Шумо чӣ гуфтед?
Имом фармуд: Ман чунин гуфтам.
Фаҳмид, ки мақсудаш чист. Гуфт: Сарварам, ман аз ҳамин соат мехоҳам бандаи Худо боша, ва воқеан ҳам рост гуфт. Аз он соат дигар бандаи Худо шуд.
Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд
Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд.
Банда аст ё озод?
- بازدید: 1437