Ҳақдоди Маърифат:
Масъалаи ҳиҷоб ҳамеша як мушкили махсус ва марбут ба як ҷомеаи муайян ё дар як гушае аз ҷаҳон набуда ва нест, балки масъалаи ҷаҳонӣ буда ва ошкор аст, ки бо мушаххасоти мутаносиб бо ҷавомеи мухталиф ва дар сайри таърихии онҳо қарор дорад.[1] Бинобар таҳқиқоте, ки дар ин маврид сурат гирифтааст мушаххас мешавад ҳиҷоб дар миёни ақвоми мухталифи ҷаҳон вуҷуд доштааст. Аз аҳди бостон ба баъд дар байни эрониён, юнониён, румиён, ҳиндиҳо, арабҳо, яҳудён, масеҳиён ва... пушиши зан нисбатан комил риоят мешудааст. Ин ба ин маъно нест, ки дар тул таърих занони бе ҳиҷоб набудаанд? илова бар он исбот ҳиҷоб, бе ҳиҷобиро нафи намекунад.
Ҳиҷоб дар ҷомеаи Эрон аз замонҳои бисёр дур ва қабл аз вуруди Ислом ба ин сарзамин дида мешавад. Ҳар чан дар он замон истилоҳи ҳиҷоб ба маънои пушиши исломӣ матраҳ набуд, вале ба маънои пушиши хосе таърифшуда барои занон вуҷуд дошт. Ба назар мерасад дар Эрон ҳиҷоби сахт ва шадид ҳукмфармо будааст. Ин баргирифта аз одобу русуми миллӣ ва омузаҳои таолими оини Зардушт мебошад.
Вил Дуронт муътақид аст, ки муқаррароти шадиде бар асоси русум ва оини куҳани маҷус дар бораи занони ҳоиз иҷро мешуд. Аз он ҷумла ӯро дар утоқ маҳбус мекарданд ва ҳама аз у дар муддати одати занонагӣ, дурӣ мекарданд. Ва аз муошират бо ӯ парҳез мекарданд. Ҳамин мавзӯъ сабаби аслии пайдоиши ҳиҷоб дар Эрони бостон будааст.[2]
Дар Эрони бостон ва замони ошуриён ҳиҷоб барои занони бадкора ва ё занони барда гуноҳ ва қобили муҷозот буд ва занони бадкора чунин гуноҳ кунанд ва либоси чун занони асил ба тан мекарданд, шалоқ мехӯрданд ва муҷозот мешуданд.[3]
Масъалаи ҳиҷобро хулосавор дар Эрон дар даврони се силсила импературии эронӣ пайгирӣ хоҳем кард.
А: Ҳиҷоб дар давраи порсҳо (Ҳахоманиши 559 , 327 қ. м.)
Бинобар асноди боқимонда монанди: Муҷассамаҳо ва наққошӣ хос, ки кашф шудааст, нишон медиҳанд, дар давраи порсҳо занон дорои ҳиҷоб буданд. Илова бар пушише, ки доштанд бо як чодар аз руи сар то зери зонуи худро мепушонданд. Як наққошии кашф шуда дар Истонбул нишон медиҳад, ки зан зери як ҳиҷоби баланд пироҳанеро ки то қузаки пояш мерасад, пушида ва рӯи он як туники нима баланди остин кутоҳ дарбар дорад.[4]
Аз суи дигар нақши барҷастае, ки аз садаи 5 қабл аз мелод дар даст аст. Як малакаро ба пироҳан ва шалвори комил нишон медиҳад. Иҳтимолан либоси занони давраҳои баъд низ чунин будааст.[5]
Б) Ҳиҷоб дар давраи портҳо (Ашкониён 250 қ.м, то 226 б.м)
Дар инки ҳиҷоб дар ин давра вуҷуд доштааст шакке нест вале ба назар мерасад кайфияти он монанди ҳиҷоби давраи порсҳо будааст.
Чанд асар вуҷуд дорад, ки бархе аз мушаххасоти либоси занони портиро муайян мекунад: чодур, пушиши дарозе, ки занон руи сарашон қарор медиҳанд ва то қисмати поҳо сур мехурад ва бинобар майл худ онро пушти сар ба сурати овезон шуда раҳо мекардаанд. Ё бадани худро бо он мепушондаанд.[6]
Ҷ) Ҳиҷоб дар давраи сосониён
Ба назар мерасад ҳиҷоби давраи Сосониён шадидтар бошад. Ҷомеаи сосонӣ як ҷомеаи табақотӣ буда ва занони ашроф ва аъён худро комилан мепушондаанд то мушаххас шавад аз табақаи болои ҷомеа ҳастанд.
Сосониён дини Зардуштро оини расмии ҳукумати худ карда буданд ва дар дини Зардушт ҳиҷоб воҷиб мебошад.[7] Пайравони оини Зардушт ҳиҷоб мекарданд.
Ба унвони мисол дар даврони хилофати Умар ибни Хатоб духтарони бузургон Эронро ба унвони асир ба Мадина оврданд. Он духтарон худро комилан пушонда буданд ва халифаи дувум аз онҳо хост то ҳиҷоби худро боз кунанд.
Масъалаи миллӣ аз як тараф ва масъалаи оини зардушт аз тарафи дигар боиси таҳким ва шадидтар шудани ҳиҷоб дар даврони сосониён гардид.
Чанд нукта дар мавриди ҳиҷоби Ирониён ва форси забонҳо
Аввалан: Ҳиҷоб як масъалаи миллии форсӣ забонон аз даврони бостон мебошад.
Дуввуман: Бо зуҳури дини Зардушт ва аҳкоми он, ҳиҷоб як масъалаи динӣ ва миллии форсӣ забонон гардид.
Севвуман: Бинобар эътиқоди бархе аз донишмандон ҳиҷоб дар Эрон буда ва аз Эрон ба Ислом ворид шудааст. Ин ҳарф комилан иштибоҳ аст вале вуҷуди ҳиҷобро дар миёни иброниён собит мекунад. Донишмандоне мисли: Вил Дуронт, Ҷавоҳир Лаъли Наҳру ва ғайра.
Аз ин ру ҳиҷоб барои мусулмонҳои форсӣзабон на масъалаи дини балки як воҷиби, ки бархоста аз фарҳанги милли мебошд, низ ҳаст.
Ҳиҷоб дар Аврупо
Бо як нигоҳи куллӣ метавон дарёфт, ки ҳиҷоб дар миёни занони Аврупоӣ вуҷуд доштааст. Аз шарқи Аврупо аз ҳукумати бизонс то шимоли Аврупо, занон либос ва пироҳанҳои дароз бо остинҳои баланд аз абрешам ё катон мепушидаанд. Аз суи дигар ба хотири ҳузури дини Масеҳият ва нуфузи он, бадани занон комилан пушида буд ва ҳукумат ва тасаллути тақрибан ҳазор солаи калисо бар Аврупо метавонад шоҳиде бар ин муддао бошад.[8]
Ҳиҷоб дар даврони Юнони бостон
Занони юнонӣ ҳиҷоб мекардаанд. Бинобар таҳқиқоте, ки дар ин замина сурат гирифтааст, нишон медиҳад либоси занони Юнон баланд ва аз руи сина то по будааст. Гоҳе вақтҳо ҳам сари худро бо русарӣ мепушондаанд. Сайри таърихии он то 700 сол қабл аз мелод мерасад.[9]
Ҳиҷоб дар Руми бостон
Либоси занони румӣ остин дорад ва баланд то по буд. Остинҳо гоҳ баланд ва гоҳ кутоҳ мешуд. Гоҳ ҳам сари худро бо рӯсарӣ мепушондаанд. То ҷое, ки ин рӯсарӣ, баланд буд, ки онро бо даст мегирифтанд. Занони румӣ рӯи зер пуши худ ридое доштанд ва баландӣ он то по буд, ва он (естуло) ном дошт. Гоҳ низ бо афзудани як камарбанд, қисмате аз болотанаро аз болои он дар меоваранд ва дар ҳолати озод руи камарбанд меандохтаанд.[10]
Ҳиҷоб дар Ҳинд
Ба назар мерасад дар мавриди ҳиҷоб дар Ҳинд миёни донишмандон ихтилоф аст. Бархе бар ин боваранд, ки ҳиҷоб дар Ҳинд вуҷуд доштааст.[11]
Вале устод Муртазо Муттаҳҳарӣ бо диди тардид ба ин масъала нигоҳ мекунад ки оё ин ҳиҷоб қабл аз вуруди Ислом буда ё баъд аз он.[12] Бинобар назари дигар донишмандон ҳиҷоб дар Ҳинд қабл аз Ислом вуҷуд доштааст.
Ҳиҷоб дар Арабистон
Дар мавриди ҳиҷоби занони араб ду дидгоҳ вуҷуд дорад
А) Бархе бар ин боваранд, ки ҳиҷоб қабл аз Ислом дар миёни занони араб вуҷуд надоштааст ва дини Ислом ҳиҷобро ба вуҷуд овард ва онро барои занон воҷиб кард. Бинобар гузоришоти таърихӣ воқеан занони араби қабл аз зуҳури Ислом ҳиҷоб надоштанд.[13]
Б) Бархе донишмандон муътақиданд, ки занони араби қабл аз Ислом ҳиҷоб мекардаанд, ва ба тадриҷ рӯ ба заъф ниҳод ва дар замони Паёмбари Ислом(с) ба кундӣ пеш мерафт ва дини Ислом онро воҷиб кард.[14]
Ҷавоҳир Лаъли Наҳру Вазири Ҳинд ва Вил Дуронт муътақиданд, ки ҳиҷоб аз милали ғайри исломӣ яъне Рум ва Эрон ба ҷаҳони Ислом (арбистон) ворид шудааст.[15]
Ҳиҷоб дар адёни самовӣ
Ҳар як аз адёни бузурги ҷаҳон, навъе пӯшиширо барои пайравони худ муаррифӣ мекунанд. Ҳиҷоб дар ин адён ҷузъи таъолими шаръӣ буда ва барои занон воҷиб мебошад. Чунончи мо имрӯз шоҳиди он ҳастем. Агарчи занони имрӯз ҳиҷобро риоят намекунанд вале дар китобҳои онҳо ба воҷиб будани он ишора шудааст. Ба ҳар ҳол муқоисаи миёни адён, нишон медиҳад, ки шиддати ҳиҷоб дар яҳӯдият ва зардушт ва масеҳият нист ба Ислом бештар будааст.
Ҳиҷоб дар яҳудият ва масеҳият
Дар ин ду дини осмони ҳиҷоб барои занон воҷиб мебошад ва дар ин маврид оёти зиёде аз инҷил ба он ишора мекунад. Беҳтарин далел вуҷуди занони роҳибааст, ки имрӯз худро мисли занони мусулмон мепушонанд ва ҳиҷоб мекунанд. Пӯшиши занони масеҳӣ то қарни 12 ва 13 либоси баланд будааст, ки ба он Хумор мегуфтанд.[16]
Ҳиҷоб дар оини зардушт
Дар дини зардушт ҳиҷоб воҷиб аст. Пушиш ба гунае бошад, ки муйи зан намоён набошад. Зардушт фарҳанги ҳиҷобро ки аз дербоз давом дошт бо пандҳои худ таҳким бахшид. Баъд аз у ва махсусан аз замони Дорюш ба баъд ҳифзи ҳиҷоб бо илзоми бештаре дар миёни занон роиҷ гашт.
Дар давраи зардушт занон аз либоси баланд ва русарӣ (чорқад) ва чодар истифода мекарданд ва занони ашроф илова бар инҳо дар хориҷ аз манзил аз рӯбанд истифода мекарданд.[17]
Ҳиҷоб дар Ислом
Ҳиҷоб дар ибтидои дини Ислом бар занони мусалмон фарз набуд. Дар даврони ҳиҷрат дар шаҳри Мадина ин дастур аз ҷониби Худованд нозил гардид ва ба занон фарз шуд, баҳси дар мавриди он чунон равшан аст, ки ҷои пардохтан ба он нест. Чун ҷузви таълимоти шаръии дини мубини Ислом мебошд.
Нукта
А) Ҳар қавм ё миллате, ки ин адёнро қабул мекард маҷбур ба иҷрои аҳком он буд. Ин аҳком ва эътиқодот дар миён мардум русух кард ва фарҳанги ҳиҷоб бо фарҳанги миллӣ омехта шуд.
Б) Фарҳанги беҳиҷобӣ аз берун дар миёни пайрваони ин адён нуфуз кард ва занонро ба беҳиҷобӣ кашонд.
Ҷ) Арзишҳшои динии монанди: ҳиҷоб дар гузашта мояи тақаддус буд вале имрӯз ҳамон муқаддасот нишонаи бефарҳангӣ ва бемаданияти ва ақабмондагӣ мебошад.
Дигаргунӣ ва тағири либоси занон
Дар тули таърих дигаргуниҳое дар зиндагии инсон ба вуҷуд омад ва даричаои пешрафтро бар рӯи инсон боз кард то инсон худ сарнавишти худро рақам бизанад. Пушоки инсон ҳам аз ин қоида истисно набуд ва дар тули таърих ба шаклҳои гуногуне даромадааст. масалан занони Кирит (ҷазирае аст дар шарқи дарёи медитарона мутааллиқ ба кишвари Юнон) аввалин касоне буданд ки ҷулуи пироҳанашон аз зери сина шуруъ мешуд ва синаҳошон урён буд. Ё ин ки дар авохири қарни чаҳордаҳум (1300м) пироҳанҳое ба шакли (v) арза мешуд. Ё дар қарни 15м аксҳое, ки аз маҳбубаи Чорлези ҳафтум ба ҷо мондааст, ки ӯ аз пироҳани яқа (v) истифода мекардааст.[18]
Ва малакаи Енглистон Элизобет пироҳани яқа (v) боз мепушид. Сафири Фаронса дар Енглистон ҳангоми мулоқот бо малака Элизабет аз боз будани синаи ӯ ба он ҳад, дасту пои худро гум кард.[19]
Аз ин рӯ яке аз авомиле, ки нақши муассир дар таъсири либос дошт рунисонс(қарни 15 мелоди) мебошад. Дар авоил ва қабл аз он пушоки занон бештар таҳти таъсири андешаҳои мазҳабӣ ва суннатӣ буд. Бо зуҳури Ренисанс либоси занон ҳам тағир кард. Яке дигар аз авомиле, ки метавонад нақши дар тағири либос дошта бошад инқилоби Фаронса (1789 то 1795 м) мебошад, чанд сол қабл аз инқилоб шеваи либос пушидан рӯ ба дигаргунӣ ниҳод, ва ниёз ба сода шудан дошт. Ҳамроҳ бо инқилоби Фаронса як тағир дар либоси мардум ба вуҷуд омад аъам аз зану мард, либоси занон ба ҳоли худ боқӣ буд вале дар кайфияти он тағйир эҷод шуд.[20]
Ба ҳар ҳол пас аз рунисонс корхонадорони бузург барои истифода аз неруи кори арзонқимат истифода аз занонро дар муҳити кор бо таблиғоти васеъ оғоз карданд ва замина ҷиҳати озодии занон ба сабки ғарбӣ ва канор гузоштани ҳиҷоб оғоз шуд.[21]
Пушиши занон дар қарни бистум
Дар қарни 20 тағироте дар либоси занон ба вуҷуд омад, ки қабл аз он вуҷуд надошт. Мардум ҳам аз он бо оғуши гарм истиқбол мекарданд. Монанди барҷастатар шудани сина, борик шудани камар, часпон шудани болотана ва афзоиши чини домани либосҳо ва либосҳое, ки андоми занонро борик ва лоғар нишон медод.[22]
Дар соли 1947м шахсе ба номи Кристиян Диюр истиъдоди худро дар тарроҳии либоси занон ба кор баст ва дар ин кор ҳаяҷони бисёре эҷод кард. Кристиян пироҳани бисёр васваса ангезе ба номи «Коборо» арза кард. Ин пироҳан ба гунае буд, ки гудии миёни синаро намоён мекард, ва он мавриди таваҷҷӯҳи бисёри мардум қарор гирифт.Таваҷӯҳ дошта бошем, ки дар ин маврид мадалерҳо нақши бисёр муасир доштаанд.
Мубориза бо ҳиҷоб
Мубориза бо кашфи ҳиҷоб чизи ҷадиде нест. Дар гузашта ҳам аз тарафи душманон мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Мубориза бо ҳиҷоб дар Ундулус (Испониё)
Ундулус (Испониёи) кунунӣ дар соли 92 ҳ.қ ба дасти мусулмонон фатҳ шуд. Ва дар соли 898ҳ.қ ба дасти масеҳиёни мутаассиб суқут кард. Вақте, ки Ундулус суқут кард тафтиши ақоид оғоз гардид. Дар канори он кашфи ҳиҷоб сурат гирифт ва китоби Таърихи либос ба таври возеҳ ба он ишора карда акс(сурат) ҳам овардааст.[23]
Мубориза бо ҳиҷоб дар Эрон
Дар соли 1314ҳ.ш иттифоқи муҳимме дар Эрон рух дод, ки паёмадҳои манфи бисёре барҷой гузошт. Ҳукумати Паҳлавӣ дар ҷараёни мудернита кардани кишвар фармони таърихии кашфи ҳиҷобро дар 17 деймоҳи 1314ҳ.ш содир кард. Бар асоси ин дастур ҳукуматӣ, занон бояд бо пушиши шабеҳи пушиши занони ғарбӣ вориди ҷомеа мешуданд.[24] Касе, ки бо ҳиҷоб буд пулис бо зӯр ҳиҷобро аз сари ӯ мегирифт.
Мубориза бо ҳиҷоб дар Алҷазоир
Давлати истиъморгари Фаронса барои таҷзияи Алҷазоир авлавиятро бар беҳиҷоб кардани занон дод. Ва тамоми талоши худро дар ин замина сарф намуд, яъне бар кашфи ҳиҷоб, вале муваффақ нашуд.[25]
Фронсес мегуяд: ҳар чодар, ки дур андохта мешавад, уфуқи ҷадидеро дар муқобили истеъморгарон мегушояд ва пас аз дидани ҳар чеҳраи бе ҳиҷоб, умедҳои ҳамлаваршудани ишғол карда баробар мегардад.[26]
Мубориза бо ҳиҷоб дар Осиёи миёна
Вақте, ки камунистҳо Осиёи миёнаро ишғол намуданд тамоми ҳиммати худро дар нобуд кардани шаъоири исломӣ бастанд. Аз ҷумла кашфи ҳиҷоб, дар соли 1926 дар Осиёи Миёна ҳаракате ба вуҷуд омад, мавсум ба «Ҳуҷум» ҳадафи асли он аз байн бурдани ҳиҷоб буд. Ин ҳаракати ҳуҷум дар беҳиҷоб кардани занони мусулмони Осиёи Миёна ба хусус тоҷикон нақши муъасир доштааст.
Мубориза бо ҳиҷоб дар Аврупо
Ғарбиён аз гироиши рӯзафзӯни мардум ба дини Ислом ваҳшат доранд ва ҳар руз ба ҳар баҳона ба онҳо ҳила мекунанд. Занони мусалмони муҳаҷҷабаро аз марокизи давлатӣ ва омузишӣ ихроҷ мекунанд.
[1] . Ҳиҷоб масъулиятҳо ва ихтиёроти давлати исломӣ, ҷ.2, саҳ 90
[2] . Таърихи тамаддун, ҷ 1, саҳ 552, Масъалаи ҳиҷоб, Муттаҳҳарӣ, саҳ 7.
[3] . Маҷалаи ҳуқуқ ва фазои додгустарӣ, таърихи 16\23\29\6\ 1377.
[4] . Пушок дар Эрони бостон, Фаридуни бур???, саҳ 76)
[5] . Таърихи либос, тарҷумаи Ширин Бузургмеҳр, саҳ 55
[6] . Пушок дар Эрони бостон, саҳ 141
[7] . Таърихчаи ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ, Розонӣ. Нашрияи зани шарқ, шумораи 17, 18
[8] . Таърихи либос, саҳ 590, 63
[9] . Таърихи либос, саҳ 39
[10] . Таърихи либос, саҳ 48
[11] . доиратулмаорифи ташаюъ, ҷ6, саҳ74 вожаи ҳиҷоб
[12] . Масъалаи ҳиҷоб, саҳ 10
[13] . Таърихи тамаддун, Велдуронт, ҷ1, саҳ 233. Нигоҳ ба таърихи ҷаҳон? Ҷавоҳири лаъл, ҷ1, саҳ 328, Масъалаи ҳиҷоб, саҳ 9
[14] . Таърихи ҳиҷоб дар адабиёти илоҳӣ
[15] . Нигоҳ ба таърихи ҷаҳон, ҷ1, саҳ 328
[16] . Таърихчаи ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ
[17] . Таърихчаи ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ
[18] . Таърихи либос, саҳ 448.
[19] . Таърихи либос, саҳ 448
[20] . Таърихи либос, саҳ 267
[21] . Таърихчаи ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ. Маҳноз розонӣ, нашрияи зани шарқ, шумораи 17 ва 18.
[22] . Таърихи либос, саҳ 446 ва 448
[23] . Таърихи либос, саҳ 139
[24] . Ҳиҷоб, масъулиятҳо ва ихтиёроти давлати исломӣ, ҷ.2, саҳ 92
[25] . Таърихчаи ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ.
[26] . Таърихчаи ҳиҷоб дар адёни илоҳӣ.