Дар кӯдакӣ ба модарам гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ касеро бештар аз ту дӯст надорам. Модарам маро бӯсиду гуфт: “Наметавонӣ, азизам!”
Гуфтам: Метавонам. Ман туро аз падару хоҳару бародарам бештар дӯст дорам.
Модар гуфт: Яке меояд, ки наметавонӣ маро бештар аз ӯ дӯст дошта бошӣ.
Дар навҷавонӣ дӯсти самимие пайдо кардам, вале ҳар чӣ фикр мекардам, медидам, ки модарамро аз ӯ бештар дӯст медорам.
Муаллими хеле меҳрубон ба мо дарс медод, ки хеле шефтааш будам, вале боз ҳам муҳаббати ӯ ба андозаи модарам набуд.
Бузургтар, ки шудам ошиқ шудам. Бо худ фикр кардам ва пеши худ гуфтам: “Кадомиро бештар дӯст дорӣ?” Боз дилам модарро интихоб кард. Солҳо гузашт ва яке омад, ки тамоми вуҷуди ман буд. Ҳамон рӯз модарам бо шодмонӣ хандиду гуфт: “Дидӣ, натавонистӣ!”
Ман ҳарчи фикр кардам, дидам, ки ӯро аз модарам ва тамоми дунё бештар дӯст медорам. Ӯ бар дили ман салтанат мекард. Дигар наметавонистам ба сухане, ки дар кӯдакӣ гуфта будам амал кунам. Чун худам модар шуда будам!!!
Қадри модарони азизу дилсӯз ва маҳбубу муҳибро бидонем ва фарзанди шоистае барои онҳо бошем. Худоё, ба падару модари мо раҳм кун, ҳамон гуна ки онҳо дар кӯдакӣ моро тарбият ва раҳм карданд!