Араби биёбонӣ хидмати имом Ҳусейн(Дуруди Худо бар ӯ бод) омад ва гуфт: Зомин шудаам, ки дияи комилеро бипардозам, аммо тавони онро надорам. Ночор назди бахшандатарин мардум, яъне шумо хонадони Паёмбари Худо(с) омадам.
Ҳазрат фармуд: Се савол аз ту мекунам, агар ба яке посух додӣ, як севуми молро ба ту медиҳам, агар ба ду савол посух додӣ, ду севуми мол ва агар ба се савол посух додӣ, ҳамаи он молро ато хоҳам кард.
Марди араб гуфт: Шумо аз хонадони илму фазилатӣ, чигуна метавонам ҷавоби саволҳои касе мисли шуморо бидиҳам!
Имом Ҳусейн фармуд: Аз бобоям Расули Худо(с) шунидам «Алмаъруфу биқадрилмаърифати; Боби маъруф ва бахшишро ба андозаи маърифати мардум бикушоед».
Марди араб гуфт: Пурсишҳоятро бигӯ. Агар бидонам посух мегӯям вагарна аз шумо ёд мегирам.
Ҳазрат фармуд: Беҳтарин амал чист?
Аъробӣ гуфт: Имон ба Худо.
Имом фармуд: Чӣ чиз сабаби наҷоти мардум аз ҳалокат ва нобудӣ аст?
Аъробӣ гуфт: Таваккул ва эътимод бар Худованд.
Имом фармуд: Зинати инсон чист?
Аъробӣ гуфт: Илме, ки ҳамроҳи амал бошад.
Имом фармуд: Агар ин шарофатро наёфт, чӣ?
Арз кард: Моле, ки бо он мурувват ва ҷавонмардӣ бошад.
Ҳазрат фармуд: Агар инро ҳам надошта бошад?
Гуфт: Фақр ва парешоние, ки бо сабру шикебоӣ ҳамроҳ гардад.
Имом фармуд: Агар инро низ надошт?
Марди араб гуфт: Лоиқи чунин одаме он аст, ки соиқае аз осмон фуруд ояд ва ӯро бисӯзонад!
Дар ин ҳол имом табассум кард. Сипас халтаеро, ки дар он ҳазор динори сурх буд ва ангуштаре, ки нигини он дусад дирҳам меарзид ба ӯ ато кард ва фармуд: Бо ин тиллоҳо дияро бидеҳ ва пули ин ангуштарро сарфи зиндагиат кун.
Аъробӣ ин оятро тиловат кард: «Аллоҳу аъламу ҳайсу яҷъалу рисолатаҳу» Худо медонад, ки рисолаташро куҷо бигузорад.
Биҳор, ҷ.44, саҳ. 196
Бахшиш
- بازدید: 1680