Имрон паёмбари куҳансоли Бани Исроил, ки солҳои охири умри худро дар Ҷалила мегузаронд ва то он замон фарзанде надошт, шабе дар хоб дид, ки Худованд ба зудӣ ба ӯ писаре хоҳад дод, ки паёмбари Худо хоҳад буд. Беморонро шифо хоҳад дод ва мурдагонро бо иҷозаи Парвардигор зинда мекунад. Вақте хоби худро барои ҳамсараш Ҳанна гуфт, вай тааҷҷуб карду зери лабаш гуфт: Худовандо! Агар маро фарзанде бидеҳӣ, ӯро ба Байтул-муқаддас мебарам, то ҳамеша хидматгузори хонаи ту бошад.
Дере нагузашт, ки ҳамсари Имрон ҳомила шуд ва пас аз солҳо бефарзандӣ дар интизори кӯдакаш буд, вале ногаҳон Имрон вафот кард ва аз дидани ягона фарзандаш маҳрум шуд.
Баъд аз он Ҳанна бо диле андуҳгин рӯзҳоро сипарӣ мекард, вале орзӯи дидани ёдгори Имрон ба оянда умедвораш мекард.
Замоне ки навзодаш таваллуд шуд, бо диданаш зери лаб оҳиста гуфт: Худовандо! Дилам мехост фарзандам писар бошад, зеро духтар корҳои сахтро наметавонад анҷом диҳад, вале ман ба аҳде, ки бо ту бастаам вафо мекунам ва ӯро барои хидмат ба хонаат Байтулмуқаддас мебарам.
Ҳанна, пеш аз он ки ба назраш вафо кунад кӯдакашро Марям номид ва онгоҳ ӯро дар порчае печид ва бо ҳамаи алоқае, ки ба фарзандаш дошт, ӯро ба хонаи Худо бурд ва ба роҳибон (олимони динӣ) гуфт: Ман назр карда будам, ки агар Худованд ба ман фарзанде бидиҳад ӯро барои хидмат дар Байтулмуқаддас биёрам. Акнун омадаам то назрамро адо кунам.
Роҳибон Марямро аз модараш гирифтанд, вале барои сарпарстии Марям дар байни онҳо ихтилоф ба вуҷуд омад. Чун Имрон паёмбари Худо буд, роҳибон сарпарстии духтарашро ифтихор медонистанд.
Ҳазрати Закариё(а), ки дар маъбад ҳозир буд ба роҳибон пешниҳод кард, ки сарпарстии Марямро ба ӯ бисупоранд, чунки ҳамсараш холаи Марям аст ва беҳтар метавонад аз ӯ нигаҳдорӣ кунад. Аммо роҳибон намехостанд ин ифтихорро аз даст бидиҳанд, аз ин рӯ напазируфтанд ва саранҷом ба қуръакашӣ розӣ шуданд.
Барои ин кор, номҳои худро бар рӯи чубҳои махсусе канданд ва дар руди Урдун андохтанд. Шарт ин шуд, ки қалами ҳар касе, ки рӯи об омад, баранда аст. Ҳамаи чашмҳо ба рӯи об нигоҳ мекарданд, ки ногаҳон қалами Закариё ба рӯи об омад ва баранда шинохта шуд. Гӯё ҳама чиз аз пеш маълум буд, то ин кӯдаки бегуноҳ дар Байтулмуқаддас, дар домони Закариё ва дар фазои рӯҳонӣ парвариш ёбад.
Закариё, Марями хурдсолро дар оғӯш гирифту ба хона бурд. Сипас дояе барои шир доданаш гирифт ва дар парвариши ӯ, то онҷо ки метавонист, саъю талош кард.
Закариё пас аз гузашти рӯзҳо ва моҳҳо, рӯзе Марямро, ки давраи кӯдакиро пушти сар гузошта буд, ба Байтулмуқаддас бурд ва дар онҷо ҳуҷраи чубӣ барояш сохт, то хидмат ба хонаи Худоро оғоз кунад.
Марям илова бар хидмат, бештари рӯзҳоро рӯза мегирифт ва шабҳоро ба розу ниёз бо Худо мегузаронд ва чунон маҳбуби Худованд қарор гирифта буд, ки фариштагон хӯрданиҳои осмонӣ барояш меоварданд.
Закариё ҳамарӯза ба наздаш меомад ва барояш таом ва об меовард. Рӯзе аз дидани таомҳо ва меваҳои биҳиштӣ, ки дар ҳуҷраи Марям буд, тааҷҷуб кард ва аз Марям пурсид: Ин хурокиҳоро чӣ касе бароят овардааст?
Марям гуфт: Ин хурокиҳоро Худованд фиристодааст. Ҳамон Худое, ки ба ҳар кас бихоҳад ризқу рӯзии фаровон медиҳад. Рӯзе Марям ба сӯи теппаҳои канори шаҳр рафт, ки дар тарафи шарқии Байтулмуқаддас буд. Ва барои озодии мардуми Фаластин ба ибодат ва розу ниёз бо Худованд машғул шуд. Ногаҳон фариштае аз осмон ба сурати марди ҷавоне дар пеши рӯяш пайдо шуд.
Марям аз дидани ӯ тарсид ва худро ақиб кашид ва аз ӯ хост то аз Худо битарсад ва аз назди ӯ дур шавад. Он мард гуфт: Эй Марям! Ман фариштаи Худо ҳастам ва омадаам, ки писари покизае ба ту бибахшам.
*Марям гуфт: Чигуна мумкин аст, ки фарзанддор шавам дар ҳоле, ки ҳеҷ касе бо ман наздикӣ накардааст ва зани нопоке ҳам нестам.
Фаришта гуфт: Парвардигор чунин фармудааст, ки ин кор барои ман осон аст ва мехоҳам ин кӯдак нишона ва раҳмате барои мардум бошад.
Онгоҳ фаришта нопадид шуд ва Марям бо ғаму андӯҳ ба фикр фурӯ рафт ва бо худ гуфт: Ҷавоби мардумро чӣ бигӯям ва дар муқобили сарзаниши онон чӣ кор кунам.
Ҳамин тавр Марям ҳомила шуд ва аз ҳама дурӣ кард ва қиссаи боварнакардании дидани фаришта ва модар шуданашро ба касе нагуфт.
Ӯ барои ин ки мардум аз ин кор огоҳ нашаванд, ночор шуд аз зодгоҳи худ шаҳри Носира биравад ва дар як хонаи бисёр соддае дар деҳот зиндагӣ кунад.
Марями муқаддас(а)-1
- بازدید: 1552