Зулқарнайн бо лашкари фаровон аз биёбон мегузашт. Мардеро дид, ки машғули намоз аст ва ба азамати Зулқарнайн диққат накард. Зулқарнайн аз бузургии рӯҳи ӯ тааҷҷуб кард.
Пас аз тамом шудани намозаш ба ӯ гуфт: Чигуна бо дидани бузургии дастгоҳи ман натарсидӣ ва тағйир накардӣ.
Гуфт: Бо касе муноҷот доштам, ки қудрат ва лашкараш бениҳоят аст. Тарсидам аз ӯ мунсариф шавам ва ба ту рӯй биёрам аз инояташ маҳрум гардам ва дигар дуоямро напазирад.
Зулқарнайн фармуд: Агар ҳамроҳи ман биёӣ тамоми хостаҳоятро мепазирам.
Пирамард гуфт: Ман ҳозирам ҳама ҷо бо ту бошам, ба шарте ки чаҳор чиз барои ман замонат кунӣ:
1) саломате, ки дорам ҳеҷ вақт бемор нашавам.
2) неъмате, ки дорам ҳамеша бошад ва завол напазирад.
3) қудрате, ки дорам пирӣ дар ӯ дида нашавад.
4) ҳаёте, ки дорам марг надошта бошад.
Зулқарнайн гуфт: Кадом махлуқ метавонад чунин коре кунад?
Пирамард гуфт: Пас ман аз касе, ки тамоми умур дар таҳти қудрати ӯ аст даст намекашам то ба шахсе, ки мисли худам нотавон ва мӯҳтоҷ аст такя намоям. Ман ҳамроҳи онам, ки тавоно аст.
Амолии Садуқ, саҳ. 170
Бо Худо бош!
- بازدید: 1632