Саъд ибни Маоз яке аз ёрони бовафои ҳазрати Хотамуланбиё (с) буд, ки ҳазрат ба ӯ таваҷҷӯҳи хоссе дошт. Ҳангоме ки аз дунё рафт, Паёмбари Ислом(с) дар маросими хоксупории ӯ шахсан ширкат карда фармуданд: Фариштагон низ дар ҷанозаи Саъд ширкат кардаанд.
Паёмбари Аъзам(с) бар ҷанозаи ӯ намоз хонд ва чун ҷанозаро дар даруни қабр гузоштанд, худи ҳазрат дохили қабр ва бо дасти худ лаҳадро чид ва бо гили нарм тамоми шикофҳои миёни хиштҳоро маҳкам кард ва онгоҳ ба асҳобаш фармуд: Ҳарчанд медонам, ки ин лаҳад ба зудӣ вайрон мешавад, вале Худованд дӯст дорад, ки бандагонаш вақте коре мекунанд онро маҳкам ва дақиқ анҷом диҳанд.
Хок рӯи қабр рехтанд ва онро бо замин яксон карданд.
Модари Саъд ибни Маоз, ки аз оғоз то поёни маросим ҳозир буд ва таваққӯҳи хосси Паёмбарро нисбат ба фарзандаш дид, беихтиёр гуфт: Писарам, биҳишт бароят гуворо бод!
Расули Худо(с) ба модари Саъд фармуд: Сокит шав! Аз Худо чӣ интизоре дорӣ? Ҳамакнун қабр фишори сахте ба Саъд дод.
Пурсид: Чаро ё Расулаллоҳ?
Фармуд: Чун Саъд дар хона бо ҳамсараш бадахлоқ буд.
Таолими Ислом, саҳ. 75