Ҳакиме болои минбар рафту гуфт: Писарбачае баъд аз гузашти айём ҷавон шуд, зан гирифт ва соҳиби бача шуд. Ба сахтӣ кор карду соҳиби хона ва шуғлу даромад шуд.
Ҳаким муддате сукут кард.
Мардум каме сабр карданд, аммо оқибат асабонӣ шуданд ва гуфтанд: Баъд чӣ ва барои чӣ?
Ҳаким бо таассуф гуфт: Аз худатон бипурсед. Ин достони зиндагии мост.
Ростӣ, баъд чӣ ва барои чӣ? Оё воқеан ҳадаф аз офариниши инсон фақат ҳамин аст? Барои посухи ин саволҳо ба чанд лаҳза сукут ва фикр ниёз дорем.