Рӯзе ҳазрати Мусои Калим (а) дар муноҷот бо Худои Ҳаким гуфт: Худои ман, аз асрори ҳикмати худ чизе ба ман нишон бидеҳ.
Хитоб омад, ки аз ин куҳ поин рав. Ба деҳкада, ки расидӣ чор хона аст. Дари хонаҳоро бизан ва аз эшон бипурс, ки чӣ кор мекунанд ва чӣ ниёзе доранд.
Ҳазрати Мусои (а) аз куҳ фаромад ва ба деҳ рафт. Дари хонаи аввалро кӯбиду пурсид: Чӣ кор мекунед ва чӣ ниёзе доред?
Гуфтанд: Мо деҳқон ҳастем ва тухм коштаем ва ба борон хеле ниёз дорем.
Аз он ҷо берун омаду ба хонаи дувум рафт ва ҳамон саволро аз онҳо пурсид.
Онҳо гуфтанд: Мо кузагарем ва зарфи зиёде сохтем, аз ин рӯ ба офтоб ниёз дорем.
Сипас ба хонаи севум рафт. Саволро такрор кард. Аҳли хона гуфтанд: Мо зироати худро дарав карда кӯбидаем ва ниёз ба омадани бод дорем, то гандумро аз коҳ ҷудо кунем.
Саранҷом вақте аз аҳли хонаи чорум савол кард онҳо гуфтанд: Мо боғи ангур дорем, ки маҳсули фаровоне дорад. Агар бод наёяд даромади хубе хоҳем кард.
Ҳазрати Мусои Калим (а) аз деҳ баргашту гуфт: Худои ман, яке борон, дигаре офтоб, севумӣ бод ва охирӣ ҳавои ором мехоҳад. Шуғлу ниёзашон гуногун аст ва ту бар ҳоли онҳо огоҳӣ. Ҳар кадомро мувофиқи маслиҳати худ хушнуд месозӣ ва рӯзӣ мерасонӣ.
Тафсири Абулфутӯҳи Розӣ, ҷ. 3, саҳ.353