Ақил бародари ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) хидмати бародараш амирулмӯъминин Алӣ омад.
Ҳазрат мефармояд: Ранги суратш аз фақр баргашта буд.
Гуфт: Миқдоре аз ин гандуми байтулмолро, ки дар ихтиёри ту ҳаст, ба ман бидеҳ, бибарам барои бачаҳоям, ки бихӯранд!
Амирулмӯъминин Алӣ (к) ба Ақил мегӯяд: Биё биравем дар бозори Куфа, дари яке аз дӯконҳоро боз кунем ва миқдоре пул аз тоҷиреро бардорем!
Ақил гуфт: Ё Алӣ, ту мегӯӣ, ки дуздӣ кунем?
Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Фарқаш чист? Чизе ҳам, ки ту аз ман мехоҳӣ дуздӣ аст!
Чашм дар чашми бародар!
- بازدید: 1702