Рӯзе Иблис назди ҳазрати Мӯсо (алайҳиссалом) омаду гуфт: «Мехоҳам ҳазору се панд ба ту биёмӯзам».
Мӯсо (а) ӯро шинохт ва фармуд: «Ончи, ки ту медонӣ, бештар аз онро ман медонам ва ниёзе ба пандҳои ту надорам».
Ҷабраил (а) бар Мӯсо (а) нозил шуд ва арз кард: «Эй Мӯсо, Худованд мефармояд: Ҳазор панди ӯ фиреб аст, аммо се пандашро бишнав».
Мӯсо (а) ба Иблис фармуд: «Се панд аз ҳазору сеторо бигӯ!»
Иблис гуфт:
«1. Ҳар гоҳ тасмим бар анҷоми кор неке гирифтӣ, дар анҷоми он шитоб кун, вагарна туро пушаймон мекунам;
2. Агар бо зани номаҳрами хилват кардӣ, аз ман ғофил набош, ки туро ба амали мунофии иффат водор менамоям;
3. Ҳар гоҳ хашмгин шудӣ, ҷои худро иваз кун, ва арна сабаби фитна хоҳам шуд.
Акнун, ки туро се панд додам (бар ту ҳаққе пайдо кардам) дар иваз, аз Худо бихоҳ то маро биёмурзад.»
Мӯсо (а) хоста Иблисро ба Худо арз кард.
Худованд фармуд: «Шарт омурзиш шайтон он аст, ки ба канори қабр Одам (а) биравад ва хоки қабри ӯро саҷда кунад.»
Ҳазрати Мӯсо (а) фармон Худоро ба Иблис расонд.
Иблис, ки ҳамчунон дар худхоҳӣ ва такаббур ғӯтавар буд, гуфт: «Эй Мӯсо, ман дар он ҳангом, ки Одам зинда буд, бар ӯ саҷда накардам, чигуна акнун ҳозир шавам, ки бар хоки қабри ӯ саҷда кунам?!» Шамои саодат, саҳ. 206
Панди душман
- بازدید: 1657