Солҳои оғози беъсати Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) се нафар аз сарон ва саркашони ширк ва куфр аз қабилаи Қурайш ба номҳои Абӯҷаҳл, Абӯсуфён ва Ахнас ибни Шурайқ, шабе барои шунидани оёти Қуръон, ҷудогона канор хонаи Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рафтанд (ва ҳар кадом пеши худ фикр мекард, ки танҳо ӯ барои гӯш додани Қуръон, канори манзили Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омадааст.
Нимашаб Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз бистар бархост ва ба намоз истод ва пас аз намоз ба қироати оёти Қуръони Карим машғул шуд. Оҳанги пурҷозибаи Қуръон, ончунон шево буд, ки сарони Қурайш бо шефтагии аҷибе дар ҷазб ва кашиши маънавии Қуръон қарор гирифтанд, ба тавре ки онҳо то субҳ оётро гӯш доданд. Ҳангоми тулӯъи фаҷр ҳар кадом тасмим гирифтанд то ҳаво равшан нашуда ва касе иттилоъ наёфта ба хонаҳои худ баргарданд, ҳамон дам ба сӯи хонаи худ ворид шаванд. Иттифоқан ҳар се дар маконе ба ҳам расиданд ва аз кори ҳам огоҳ шуда ба сарзаниш якдигар пардохтанд ва ҳама мегуфтанд: Агар сафеҳон аз кори мо огоҳ шаванд, ба Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мегараванд. Бино бар ин бо ҳам паймон мебандем, ки дигар ин корро такрор накунем.
Шаби дувум боз ҳар кадом ҷудогона ва дар нимашаб аз торикӣ истифода карда, дар канори хонаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омаданд ва оёти Қуръонро бо садои Паёмбар шуниданд. Муштоқона то тулӯъи фаҷр гӯш доданд, сипас пароканда шуданд. Ин бор низ ба ҳам бархурд карданд ва фаҳмиданд, ки ҳамаи онҳо паймоншиканӣ намудаанд. Ҳамдигарро сарзаниш карда, паймони дигаре бастанд, ки ин моҷаро такрор нашавад.
Шаби севум низ ҳамин ҷараён такрор шуд. Дар ин ҳангом бо савгандҳо ва паймонҳои ғализ, ба якдигар тааҳҳуд доданд, ки барои ҳамеша ин корро тарк кунанд.
Оре, ҷозиба неруманд Қуръон он қадр қавӣ ва пурасар буд, ки душманон сарсахт дар муқобили он зону заданд. Агар пардаҳои таассуб ва ҳифзу алоқа ба манофеъи шахсе мегузошт қатъан имон меоварданд.
Ҷозибаи Қуръони Карим
- بازدید: 1568