Таърихнигарӣ ва гузаштанигарӣ аз ҷумла дардҳое аст, ки ҷаҳони Ислом ва ҳамаи мусулмононро дар бар гирифтааст.
Таърихнигарӣ ё гузаштанигарӣ ба ин маъност, ки инсон гузаштаҳоро айёми сарфарозӣ ва ғурур бидонад ва аз он чӣ марбут ба имрӯз ва фардои ҷомеа мешавад ғофил бимонад. Ин дарди бедармоне аст, ки ҷомеаи имрӯзи моро дар бар гирифтааст.
Мусулмонони имрӯз чун гирифтори дарди таърихнигарӣ ҳастанд, ҳамеша бо чашми ҳасрат ба ифтихороти гӯзаштаи худ менигаранд ва ба ҷои он ки воқеъбинона ба чигунагии аҳволи худ дар замони ҳозир бияндешанд, дар ғами аз даст додани рӯзҳои хуши гӯзашта, ашк мерезанд.
Лизо барои ин ки гирифтори чунин дарде нагардем ва ё ин ки аз чунин дарде раҳоӣ ёбем, бояд таърихи гӯзаштаи худро бо ду шарт мутолеа кунем, яке ин ки нигоҳ ба гӯзашта монеи нигоҳ ба оянда нашавад ва дигар ин ки нигоҳи мо ба таърихи гузаштаамон яктарафа ва яксӯя набошад ва ҳар ду рӯи хубу бад, фарозу нишеби таърихи гӯзаштаи худро дар муқоиса бо дигар милали ҷаҳон дар бар гирад.
Пас то ин ҷо равшан гардид, ки он ҷумла дардҳои мусулмонон таърихнигарӣ аст ва таърихнигариро бояд бо дар назар гирифтани ду нуктаи зикр шуда мутолеа кард.
Нуктаи поёнӣ дар мавриди ин ки чигуна бояд таърихро бихонем, ин аст, ки равиши таърихнигарӣ, ки мутолеаи таърихро тағйир ва дигаргун кунем ва он ин ки ҷомеа худро ба ҷои ин ки бар мабнои ҳукуматҳо мутолиа кунем, бар мабнои тамаддун мутолеа намоем, ба ин маъно, ки ба ҷои он ки таърих худро бар мабно ва асоси ҳукуматҳо, ҳамчун модҳо, ҳахоманишинҳо, сулукиён, портиён, сосониён, давраи хилофат, тоҳириён, сомониён... мутолиа кунем, биёбем онро бар мабнои тамаддунҳо мутолеа кунем ба ин маъно, ки таърихи худро ба се бахш тақсим кунем: як давраҳое, ки мо дар таърихи тамаддунсоз будем, дувум давраҳое, ки тамаддуни худро аз даст додем ва зери сайтараи тамаддуни дигарон қарор гирифтем, севум давраҳои байни ин ду давраи ёдшуда.
Пас ба ин баҳс пардохта шавад то равшан шавад, ки дар ҳоли ҳозир дар кадом давра ва вазъият қарор дорем? Ва чӣ кор бояд кард?
Дард чист ё чигуна таърихро бояд хонд?

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст