Рӯзе марде савор бар хараш ба як полизи харбуза расид. Хаста ва ташна, зери сояи дарахти чормағз, ки дар канори полиз буд рафт ва онҷо дароз кашид. Ӯ, ки аз дидани бутаҳои харбуза ва дарахти чормағз, ба фикр фуру рафта буд, пеши худаш гуфт:

Дарахти чормағз бо ин баландӣ

Бутаи харбуза Аллоҳу акбар

Ман аз кори Худо ҳеҷ намефаҳмам. Охир чигуна харбуза бо ин бузургиро рӯи бутаи ба ин кӯчакӣ ва чормағзи ба ин кӯчакиро рӯи дарахти ба ин бузургӣ офаридааст!.

Дар ҳамин фикр буд, ки ногаҳон чормағзе аз шоха ҷудо шуд ва ба пешонии ӯ хӯрд.

Мард ба худ омад ва даст ба дуо бардошту гуфт: Худоё, шукрат. Ҳоло мефаҳмам, ки агар харбуза ба он бузургиро рӯи дарахт меофаридӣ ва акнун ба ҷои чормағз харбузаи бузург ба сарам меафтод чӣ балои ваҳшатноке ба сарам меомад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст