Ду дӯст пиёда аз роҳе дар биёбон мегузаштанд. Дар байни роҳ бар сари мавъзӯе ихтилоф пайдо карданд ва бо ҳам даво намуданд.
Яке аз онҳо аз сари қаҳру ғазаб бар рӯи дӯсташ силии маҳкаме зад.
Дӯсте, ки силӣ хӯрд хеле нороҳат шуд, вале бе он ки чизе бигӯяд рӯи қумҳои биёбон навишт: Имрӯз беҳтарин дӯсти ман бар чеҳраам силӣ зад.
Он ду бо ҳам ба роҳи худ идома доданд то ба ободие расиданд. Тасмим гирифтанд, ки чанд лаҳзае дар онҷо дар канори обе истироҳат кунанд.
Ногаҳон шахсе, ки силӣ хӯрда буд лағзид ва дар об афтод. Дӯсташ ба кӯмаки ӯ шитофт ва ӯро наҷот дод.
Баъд аз ин ки аз ғарқ шудан наҷот ёфт рӯи санги бузурге ин ҷумларо канд: Имрӯз беҳтарин дӯстам ҷони маро наҷот дод.
Дӯсташ бо тааҷҷуб аз ӯ пурсид: Чаро баъд аз силӣ хӯрдан ту он ҷумларо рӯи қумҳои саҳро навиштӣ, вале ҳоло ин ҷумларо рӯи санги бузург кандӣ?
Ӯ лабханд заду гуфт: Вақте касе моро озор медиҳад бояд онро рӯи қумҳои саҳро бинависем то бод онро пок кунад, вале вақте касе дар ҳаққи мо муҳаббат мекунад бояд онро рӯи санг биканем то ҳеҷ боде ё бороне онро натавонад аз ёдҳо бибарад.
Муҳаббат
- بازدید: 1623