Пас аз гузашти муддате аз реҳлати ҷонгудози Пайғамбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) духтараш Фотимаи Заҳро (Дуруди Худо бар ӯ бод) чунин изҳор дошт: Дилам танг шудааст ва мехоҳам, ки овои азони Билол азонгӯи падарамро бишнавам.
Чун Билол аз хостаи ҳазрати Заҳро шуд, машғули азон гуфтан гардид. Вақте гуфт: Аллоҳу акбар. Аллоҳу акбар.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро ба ёди хотироти даврони падари бузургвораш афтод ва натавонист худро нигаҳ дорад ва бо садои баланд шурӯъ ба гиристан намуд.
То он ки азони Билол ба Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ расид. Дар ин ҳангом ҳазрати Заҳро фарёд кашид ва беҳуш бар замин афтод.
Мардум гуфтанд: Эй Билол, бас кун. Чизе намондааст, ки духтари Расули Худо(с) дори фониро видоъ гӯяд.
Пас Билол сокит шуд ва боқимондаи азонро идома надод.
Чун ҳазрати Заҳро ба ҳуш омад дархости идомаи азон намуд.
Билол қабул накард ва гуфт: Эй сарвари занон, метарсам, ки барои шумо мушкиле пеш ояд.
Ба ҳамин ҷиҳат ҳазрати Фотима аз ӯ гузашт ва сокит монд.