Худо гар зи ҳикмат бибандад даре
Кушояд зи раҳмат дари дигаре
Танҳо бозмондаи як киштии шикаста ба ҷазираи кӯчаки холӣ аз сакана афтод. Ӯ бо дили ларзон дуо кард, ки Худо наҷоташ диҳад.
Агарчӣ рӯзҳо уфуқро ба дунболи ёрирасонӣ аз назар мегузаронд , аммо касе намеомад.
Саранҷом хаста ва аз по афтода муваффақ шуд аз тахтапораҳо кулбае бисозад то худро аз чизҳои зараррасон муҳофизат кунад ва дороии андакашро дар он нигаҳ дорад.
Аммо рӯзе, ки барои ҷустуҷӯи ғизо берун рафта буд , ҳангоми баргаштан дид, ки кулбааш дар ҳоли сӯхтан аст ва дуди аз он ба осмон меравад.
Мутасссифона бадтарин иттифоқи мумкин афтода буд ва ҳама чиз аз дасташ рафта буд. Аз шиддати хашм ва андӯҳ дар ҷо хушк шуд ва фарёд зад: Худоё, чигуна розӣ шудӣ, ки чунин коре кунӣ?
Субҳ рӯзи баъд зуд бо садои наъраи як киштӣ, ки ба соҳил наздик мешуд аз хоб парид. Киштие, ки омада буд то наҷоташ диҳад.
Марди хаста аз наҷотдиҳандагон пурсид: Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки ман инҷо ҳастам?
Онҳо ҷавоб доданд: Аз дуде, ки ба осмон баланд шуд.
Вақте вазъият хароб мешавад ноумед шудан осон аст.
Пас ба ёд дошта бош, дафъаи дигар, ки кулбаат сӯхт ва хокистар шуд, мумкин аст дудҳои бархоста аз он аломате бошад, ки азамат ва бузургии Худоро ба кӯмак бихонӣ.
Дар ноумедӣ басе умед аст.
Поёни шаби сияҳ сафед аст.