Филсаворон ба фармондеҳии «Абраҳа» ба шаҳри Макка омаданд. Онҳо мехостанд хонаи Каъбаро хароб кунанд то дигар мардум ба зиёрати он ҷо нараванд.
Ҳазрати Абдулмуталлиб ба дидори Абрҳа, ки подшоҳи Яман буд рафт. Абрҳа аз Абдулмуталлиб хушаш омад. Абраҳа дар дил гуфт: Ҳарчи ин пирамард бигӯяд анҷом медиҳам. Аммо Абдулмутллиб ба ҷои ин, ки аз ӯ бихоҳад ба шаҳр ҳамла накунад, гуфт: Шутурони маро бидеҳ.
Абраҳа хеле тааҷҷуб кард.
Абдулмутллиб гуфт: Хонаи Каъба соҳиб дорад.
Абдулмутллиб ба шаҳр баргашт ва мардумро хабар карду дастур дод, ки ба кӯҳҳо бираванд. Худаш низ канори хонаи Каъба рафт ва то субҳ дуо кард.
Рӯзи баъд Абраҳа ба лашкараш дастур дод то ба шаҳр ҳамла кунанд, аммо филҳо такон нахӯрданд.
Дар ин ҳангом мардум диданд, ки дастаи бузурге аз парандагон ба сӯи шаҳр меоянд.
Хуршед кам-кам худашро аз пушти кӯҳҳо боло кашида буд.
Ногаҳон Абдуллоҳ дид, ки абри сиёҳе аз сӯи дарё пайдо шуд. Абдуллоҳ хуб нигоҳ кард. Абри сиёҳ ба суръат ба сӯи шаҳри Макка меомад. Абдуллоҳ фаҳмид, ки хабари тозае шудааст. Бо худ гуфт: «Ин набояд абр бошад. Гӯё ҳама ҷои он боло ва поин меравад!»
Сиёҳии бузург наздиктар шуд. Абдуллоҳ фаҳмид, ки иштибоҳ накардааст. Онҳо парандагони кӯчаке буданд, ки ҳама бо ҳам парвоз мекарданд.
еАбдуллоҳ порчаи сафедиро, ки ба сараш баста буд аз рӯи сар бардошту дар ҳаво чархонд. Сипас дасташро дар даҳонаш гузошту фарёд зад: «Падар! Падар! Парандаҳо ба ин сӯ меоянд... Меоянд...»
Садои ӯ дар кӯҳ печид ва ба гӯши Абдулмутллиб расид.
Абдулмутллиб зуд бархост ва ба писаронаш гуфт: «Зуд бошед. Бояд ба назди Абдуллоҳ биравем.» Ва худаш ба сӯи қуллаи кӯҳ роҳ афтод.
Дигар чизе намонда буд, ки абри сиёҳ ба шаҳр бирасад. Абдулмутллиб чанд қадам мебардошту сарашро баланд ва ба осмон нигоҳ мекард.
Абри сиёҳ ҳанӯз болои сари ӯ нарсида буд ва ӯ дуруст наметавонист онҳоро бубинад.
Абдулмутллиб писарашро садо заду гуфт: «Абдуллоҳ, дуруст нигоҳ кун. Оё онҳо ҳамон абрҳои ҳамешагианд, ки аз сӯи дарё меоянд?»
Абдуллоҳ фарёд заду гуфт: «На, падар! Онҳо абр нестанд, балки анбӯҳе аз парандагони кӯчаканд, ки кӯч мекунанд».
Абдулмутллиб оҳиста бо худаш гуфт: «Кӯч! Ҳоло ки вақти кӯч нест!»
Садои Абдуллоҳ дубора баланд шуд: «Падар! парасту, онҳо парасту ҳастанд. Мисли як лашкари бузург ба сӯи мо меоянд».
Абдулмутллиб ҳоло дигар болои кӯҳ расида буд ва ба парандаҳо нигоҳ мекард. Пас аз он ки парандаҳоро хуб нигоҳ кард бо шавқу завқ гуфт: «Бибинед, ки парандаҳо чӣ кор мекунанд. Ҳоло ки вақт кӯч нест. Умедворам онҳо маъмурони Парвардигори бузург бошанд. Агар ба сӯи Каъба омаданд ва тавоф карданд, дигар шак накунед, ки барои нобуди «Абраҳа» омадаанд».
Яке аз писарони Абдулмутллиб хандиду гуфт: «Падар! чӣ мегӯӣ? Ин парандагони кӯчак ба ҷанг филҳо ва сарбозон хоҳанд рафт?»
Абдулмутллиб гуфт: «Худои бузург ҳар коре метавонад анҷом диҳад».
Парандагон ба шаҳр расиданд ва дар баробари нигоҳҳои шигифтзадаи писарони Абдулмутллиб ба сӯи хонаи Каъба рафтанд ва аз ҳамон боло даври Каъба чархиданд. Абдулмутллиб хандиду гуфт: «Нагуфтам, нагуфтам. Инҳо маъмуранд. Инҳо маъмурони кӯчаки Худои бузурганд».
Ҳанӯз Абдулмутллиб ҳарф мезад, ки лашкари бузурги парандагон аз ҳам боз шуд ва ҷилавдорони онҳо ба сӯи сарзамини «Мино» пар кашиданд ва рафтанд.
Дар миёни лашкари Абраҳа ҷунбуҷӯши тозае падидор шуда буд. Сарбозон филҳоро раҳо карда буданд ва омода мешуданд то бе филҳо бираванд. Ногаҳон яке аз саворон фарёд зад: «Он ҷоро бибинед». Ва бо дасташ болои кӯҳҳои дурдастро нишон дод. Ҳамаи сарҳо ба сӯи осмон чархид.
- Чӣ абри сиёҳу бузурге.
Яке гуфт: «Ин абр чӣ қадар тунд ҳаракат мекунад.»
Дигаре гуфт: «Ин, ки абр нест. Тӯфони сиёҳе аст, ки гарду ғуборро ба осмон боло бурдааст».
- Тӯфон! На тӯфон нест. Тӯфон, ки дар осмон нест. Тӯфон рӯи замин ҳаракат мекунад.
- Лашкари бузурги малахҳост.
-Паранда ҳастанд. Дастаҳои бузурги парандагон, ки кӯч мекунанд.
- Кӯч? оло, ки фасл кӯчи парандагон нест.
- Гӯё парасту ҳастанд.
- Чаро ба сӯи мо меоянд?
Диққати Абраҳа ва фармондеҳони ӯ низ ҷалб шуда буд. Ҳама истода буданд ва ба осмон менигаристанд. Гурӯҳе ҳанӯз гарми гуфтугӯ буданд, ки дастаи бешумори парандагон паҳнои осмонро пӯшонданд. Дашти зери пои лашкариён дар торикӣ фурӯ рафт ва ногаҳон бороне аз сангреза бар сари онҳо боридан гирифт.
Садои нолаи сарбозон бо садои боли парандагони кӯчак дарҳам омехта буд. Ҳар паранда се сангреза бо худ оварда буд. Яке ба минқор дошт ва ду то низ дар панҷаҳои кӯчакаш. Ҳар санг, ки раҳо мешуд дуруст ба сари сарбозе мехӯрд ва ӯро аз пой дармеовард.
Назм ва тартиби сипоҳи бузурги Абраҳа барҳам хӯрда буд. Иддае мегурехтанд ва гурӯҳе зери дасту по мерафтанд.
Абраҳа гиҷ ва дармонда шуда буд. Дар миёни сипоҳаш мечархид ва фарёд мезад, аммо ҳар лаҳза фарёди ваҳшатноке аз сарбозон бармехост ва дилашро бештар холӣ мекард.
Ногаҳон дарди шадиде дар сараш ҳис кард. Гӯё найзае ба мағзи сараш фурӯ рафт ва онро шикофт! Худашро ба гардани асбаш овезон кард ва аз маърака гурехт. Чанд нафар аз фармондеҳон ва сарбозон низ бо ӯ ҳамроҳ шуданд ва аз сарзамине, ки маргу ваҳшат аз осмонаш меборид гурехтанд.
Биёбони пушти сарашон пур аз мурдагоне шуда буд, ки то лаҳзае пеш ҳамагӣ ба вайронӣ ва нобудии хонаи муқаддаси Худо фикр мекарданд.
Абраҳа ва ҳамроҳони андакаш саранҷом бо ҳоли зор ва бемор ба Яман расиданд, вале Абраҳа дигар на сипоҳе дошт ва на дигар подшоҳи муқтадире буд, ки мардумро маҷбӯр мекард ба калисои ӯ бираванд. Чанд рӯз баъд низ Абраҳа, дар ҳоле ки ҳанӯз ларз ва ваҳшат дар чеҳраи ӯ мавҷ мезад аз дунё рафт.
Асҳоби фил
- بازدید: 1661