Ҳаво доғ буд. Дарахтҳо беҳол ва одамон ташна буданд. Аз дару девори хонаҳо гармо мерехт. Нигоҳ мардум ба он тараф дарвозаи шаҳр буд. Ҳамон ҷое, ки кофирони Макка онҷо пинҳон шуда буданд. Яке гуфт: Шояд онҳо шаб ба мо ҳамла кунанд.
Дигаре гуфт: Не, дар рӯз меоянд. Ба ҳамин зудӣ.
Севумӣ гуфт: Аввал мардони аспсавор меоянд баъди пиёданизом.
Чорумӣ идома дод: Аммо ҳазрати Муҳаммад(с) ба ҳамроҳи ёрони далери мо ба ҳисоби онҳо мерасад. Худованд ҳам пуштибони мост.
Салмони Форсӣ, ки дӯсти Паёмбар(с) буд пешниҳод кард, ки атрофи шаҳри Мадинаро хандақ биканем то душман натавонад вориди шаҳр шавад.
Ҳазрати Муҳаммад(с) бо хушрӯӣ қабул кард. Пешниҳоди ҷолибе буд. Ҳоло кандани замин шурӯъ шуда буд. Ҳама ба хотири кори зиёд хаста шуда буданд. Обу ғизо ҳам хеле кам буд. Ногаҳон чанд зан ба тарафи хандақ омаданд. Яке аз онҳо аз марде пурсид: Ҳазрати Муҳаммад куҷост?
Марди ҷангҷӯ миёни хандаро нишон дод. Занҳо пештар рафтанд. Яке аз онҳо ҳазрати Фотимаи Заҳро буд. Лаби хандақ истоду ба падараш нигоҳ кард. Ба ҳоли падараш дилаш сӯхт. Ӯ бо ёронаш машғули кор буд. Аз сару рӯяш арақи зиёде мерехт.
Яке аз мардҳо то ҳазрати Фотимаи Заҳроро дид фавран ба ҳазрати Муҳаммад хабар дод. Ҳазрат бо хушҳолӣ ба тарафи Фотима омад ва салом кард. Ҳазрати Фотимаи Заҳро ҳам салом кард. Баъд бо меҳрубонӣ тикаи нон аз зери чодараш берун овард.
Ҳазрати Муҳаммад пурсид: Ин барои чӣ аст?
Ҳазрати Фотимаи Заҳро гуфт: Як қурси нон барои Ҳасан ва Ҳусейн пухтам, тикае аз онро ҳам барои шумо овардам.
Чеҳраи нуронии ҳазрати Муҳаммад ғарқи шодӣ шуд. Духтараш роҳи зиёде омада буд. Ҳазрати Муҳаммад хандид. Хандааш пур аз дарду хастагӣ буд. Тикаи нонро гирифт ва гуфт: Духтарам, ин тикаи нон аввалин ғизое аст, ки баъди се рӯз падарат ба даҳон мегузорад.
Дили ҳазрати Фотима пур аз ғусса шуд.
Се рӯз гуруснагӣ
- بازدید: 1365